,
Шанбе, 23-ноябр
Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
Дар ин росто, имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷик конфронси илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Ваҳдат-бақои миллат” ҳамзамон маросими супоридани дипломҳои аъло баргузор гардид.
Дар конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноибони ректор ва дигар профессорону омӯзгорон ширкат варзиданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки: “Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро ин иди сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва оштиву ваҳдат аст. Халқи тоҷик тавонист дар сарнавишти миллат дигаргуниҳои зиёдеро дар мавриди худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд орад. Дастоварди бузургтарини мо дар ин давра барқарор намудаи сулҳи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми тоҷик муяссар шуд. Ин аст, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷонии ҳар як сокини мамлакат мебошад.”
Инчунин профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар қисмати дигари баромадашон зикр карданд, ки соли 2023 донишгоҳро 1850 нафар донишҷӯён ва магистрантон хатм намуданд. Хатмкунандагони таълими рӯзона 833, таҳсилоти фосилавӣ 934 ва зинаи магистратура 83 нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи зикршудаи хатмкардагон 52 нафар – 42 нафар зинаи бакалавр (41 нафар рӯзона ва 1 нафар фосилавӣ) ва 10 нафар зинаи магистратураро бо ДИПЛОМИ АЪЛО хатм намуданд. Гирандагони дипломи аъло дар соли ҷорӣ 2,86%-и теъдоди умумии хатмкардагонро ташкил медиҳад. Аз 41 нафар хатмкардаи гирандаи дипломи аълои таълими рӯзона 34 нафар хатмкардаи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ (23 нафар буҷавӣ, 1 нафар шартномавӣ ва 10 тибқи квотаи Президентӣ) мебошанд.
Албатта, зарфият, тавоноӣ, имконоти ҳайати олимон ва донишҷӯёни мо бештар аз ҳадди натиҷаҳост. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар соли навбатии таҳсил бо кашфи истеъдодҳои нав, тақвияти кори маҳфилҳои фаннӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба онҳо, тақвияти дастаи олимпӣ, аз ҷумла бо ҷалби хатмкунандагони дорои дипломи аъло ба зинаҳои магистратура ва докторантура дар самтҳои зикршудаи фаъолият корро ҷоннок ва натиҷаву дастовардҳоро афзун намоем.
Дар охири суханронӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек аз номи Раёсати донишгоҳ хатмкунандагонро барои бомуваффақият хатм кардани донишгоҳ сидқан табрик гуфта, дар масири ояндаи ҳаёт ва кору фаъолият баҳрашон комёбиҳои рӯзафзун, побандии ҳадафҳои бузургу созанда, иззату шарафи хидмати содиқона ба халқу Ватан, саҳмгузорӣ дар рушди пайвастаи Тоҷикистони азиз таманно намуд.
Сипас мудири кафедраи методикаи таълими химия, номзади илмҳои химия, дотсент Холиқов Сафар дар мавзуи “Маснавии мо дукони ваҳдат аст”, номзади илмҳои таърих Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзуи “Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва таъмини Ваҳдат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ”, номзади илмҳои таърих, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Сафаров Холмад дар мавзуи “Аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ” ва муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Исуфов Шердил дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ” суханронӣ намуданд.
Дар қисмати тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ба 52 нафар донишҷӯён ва магистрантоне, ки донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуданд, дипломи аъло супорида шуд.
Ҳамчунин, дар чорабинӣ як қатор хатмкунандагон ва волидайни эшон баромад намуда, миннатдории хешро ба роҳбарияти донишгоҳ ва омӯзгороне, ки ба фарзандони онҳо тули таҳсил сабақ омӯхтанд, баён намуданд.