, Сешанбе, 10-декабр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

 14.06.2023 190

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври кафедравии муҳокимаи рисолаи диссертатсионии хатмкардаи  зинаи докторантураи PhD-и кафедраи журналистикаи донишгоҳ Абдуҷаббори Сафаралӣ дар мавзуи “Вижагиҳои гузариши ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба озоду демократӣ дар солҳои Истиқлолият: дурнамоҳо ва масъалаҳо  (солҳои 1991-2020)” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саъдуллоев Ҷамшед) баргузор гардид.

Дар муҳокима  сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ Сироҷиддини Давлаталӣ, мудири кафедра Алишери Абдулмаҷид, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Исмоилова Фарзона ва аъзоёни кафедраҳои мазкур иштирок намуданд.

Муҳокимаи рисолаи номзадии хатмкардаи  зинаи докторантураи PhD Абдуҷаббори Сафаралӣ бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторанти  PhD ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат