,
Шанбе, 23-ноябр
Санаи 9-уми июни соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи назарияи иқтисодии факултети молиявию иқтисодӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр аз ҷумҳурӣ конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон дар шароити муосир» баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ маъразӣ тамошо гардид.
Дар конфронс ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор, муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, инчунин меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дигар ташкилоту идораҳо иштирок доштанд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, қайд карданд, ки мақсади асосии конференсия ҷалби олимон ва мутахассисон оид ба таҳқиқи масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодӣ, таҳлили вазъи имрӯза ва пешниҳоди роҳҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба он мебошад.
Сипас ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки бо ифтихори баланд аз ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, баргузории чорабинии илмиро зарур ва муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён суханронӣ намуда, меҳмононро ҳайрамақдам гуфтанд. Ҳамзамон, зикр карданд: "Таъсири рушди иқтисодии кишварҳои ҷаҳон ба рушди иқтисоди миллии кишвари мо беандоза назаррас аст. Тавре ки маълум аст иқтисодиёти Тоҷикистон, дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ дар асоси сиёсати давлатии «Дарҳои кушод» ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми ҳамгироии минтақавӣ ворид шуд ва дар айни ҳол, роҳи пайгиронаи табаддулотҳои иқтисоди бозориро пеш гирифтааст".
Дар идомаи ҷаласаи ифтитоҳӣ Рустам Раҳматзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: «Самтҳои асосии таъмини амнияти иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир», Қодиров Ф.А. - номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректори ДДМИТ оид ба робитаҳои байналмилалӣ дар мавзуи «Баланд бардоштани рақобатпазирии саноати миллӣ ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Мирсаидов Муҳаммаднаим, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ дар мавзуи: «Татбиқи таҷрибаи хориҷии механизми институтсионалии таъмини амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир» тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд.
Инчунин Поплигин Владимир Валеревич, номзади илмҳои техникӣ, дотсент, декани факултети донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳи миллӣ - тадқиқотии политехникии Перм дар мавзуи «Динамикаи истеъмоли энергия дар ҷаҳон», Медведева Надежда Василевна, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва мунисипалитети Институти идоракунии шимолу ғарбӣ - филиали Академияи хоҷагии халқи Россия ва ХД назди ПФ Россия дар мавзуи «Афзалияти рушди технологӣ дар системаи амнияти миллӣ» маърӯзаҳои худро худро тариқи маҷозӣ (онлайн) баромад намуданд.
Пас аз нисфирӯзӣ конфронс кори худро дар се бахш: “Механизми идоракунии хавфҳои соҳибкорӣ, хусусиятҳои иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаҳои кишвар дар системаи амнияти иқтисодӣ” “Таъмини амнияти инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ” ва “Таъмини амнияти иқтисодии миллӣ: таҳлили намудҳои функсионалӣ ва омилҳои иқтисодии хориҷӣ дар шароити дигаргунсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ” идома дод.
Дар кори конференсия зиёда аз 130 мақолаҳои илмии олимон ва коршиносон аз кишварҳои ИМА, Федератсия Россия, Миср, Ҷумҳурии Узбекистон ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Конференсияи мазкур тули 2 рӯз дар ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ тавассути ҳузурӣ (мустақиман иштирок кардан) ва маҷозӣ (ба воситаи онлайни шабакаи интернетӣ)баргузор мегардад.
Маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Масоили муҳими таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон ва кишварҳои ҷаҳон дар шароити муосир» бо дастгирии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон баъди ҷамъбасти конференсия ба табъ расонида мешавад