, Панҷшанбе, 26-декабр

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

 31.05.2023 207

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста зимни баромадҳои хеш қайд менамоянд: “Мо ба соҳаҳои илму маориф эътибори аввалиндараҷа дода, ислоҳотро дар ҳама зинаҳои таҳсилот бомаром идома медиҳем ва мушкилоти мавҷударо давра ба давра бартараф мекунем.

Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, бояд шумораи муассисаҳои томактабиро бамаротиб зиёд намоем ва барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем”.

Дар пайрави аз ин гуфтаҳо имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Таҳқиқи масъалаҳои тарбияви томактабӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо кӯдакон» баргузор гардид.

Дар конфронс ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Миралӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат, докторону профессорон аз донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Ҷаласаи ифтитоҳиро ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуда, ба кори конфронс барор хостанд.

Сипас доктори илмҳои педагогика, профессори кафедраи психологияи умумӣ ва педагогии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маҷидова Бибиҳафиза дар мавзуи “Сиёсати давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти таҳсилоти фарогир”, мудири шуъбаи педагогика ва психологияи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Иматзода Латофат дар мавзуи “Самтҳои калидии ислоҳоти зинаи таҳсилоти томактабӣ тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат дар мавзуи “Таваҷҷуҳ ба тарбияи томактабӣ”, мудири кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоии донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ Шарипов Бахтовар дар мавзуи “Муносибати инсонгарона ва муҳити муносиб ба таълиму тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар бахши музокирот номзади илмҳои педагогӣ Бозоров Хушвахт ва муаллими калони кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ Табарова Зарторбӣ баромад намуданд.

Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ” ва “Психологияи бачагона” идома ёфт.

Маҷмуаи илмии конфронс, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида мешавад, ки зиёда аз 35 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни рушд ва таҳқиқи масъалаҳои тарбияви томактабӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо кӯдакон дар бар мегирад.




Ба рӯйхат