,
Ҷумъа, 27-декабр
Санаи 27-уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи фалсафа конфронси ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Масъалаи ташаккули ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ дар фалсафа ва илми муосир» баргузор гардид.
Пеш аз оғози конференсия намоиши асарҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои омӯзгорони донишгоҳ ба роҳ монда шуд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовинони ректор ва ҳайати профессорон, устодони донишгоҳҳои мухталифи кишвар ва омӯгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҷаласаи ифтитоҳиро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон оғоз намуданд.
Баъдан ректори донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек баромад карда, аз бузургтарин дастовардҳои давлату ҳукумати мамлакат, мардуми шарифи тоҷик ва махсусан донишгоҳ ёдоварӣ намуда, ба кори конфронс барор хостанд.
Сипас Ибодов Маҳмадулло, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи фалсафа дар мавзуи “Фалсафаи иттилоот: ҳолат ва дурнамо”, Садуллоев Мадисо, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи илмҳои гуманитарии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи “Илм дар асри XXI: проблемаҳо, андешаҳо ва моделҳои илмӣ”, Наимов Зариф, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Фалсафаи таҳсилоти муосир”, Сайдалиев Додарбек, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафаи донишгоҳ дар мавзуи “Ҷанги сард ва амнияти иттилоотӣ дар замони муосир”, Камолов Шодмон, муаллими калони кафедраи фалсафа дар мавзуи “Иттилоот ҳамчун проблемаи глобалӣ” баромад намуданд.
Ҳамзамон Абилзода Г.С., номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Ҷаҳонишавӣ - зуҳуроти иҷтимоӣ ва бархурди он ба арзишҳои миллӣ” маърӯзаи худро тариқи маҷозӣ (онлайн) ироа намуд.
Дар бахши музокирот муаллими калони кафедраи фалсафа Зайналов Қурбон ва муаллими кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Шоинов Ҳасан баромад намуданд.
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи ифтитоҳӣ кори конфронс дар ду бахш: “Иттилоот ва ҷаҳонбинӣ” ва “Нақши ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ идома ёфт.
Маҷмуаи илмии конфронс, ки аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ба нашр расонида шуд, 40 мақолаи олимону муҳаққиқонро бобати бахшҳои гуногуни фалсафа дар бар мегирифт.