,
Якшанбе, 08-декабр
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаю маҳорати аҳолии мамлакат имрӯзҳо дар саросари кишвар як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ба шумор меравад.
Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, ба роҳ монда шудааст.
Дар ин баробар имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-ватани азизи ман» баргузор гардид.
Ҳайати комиссияи озмунро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия, дотсент Сафарзода Мунир, сардори раёсати тарбия Холматов Баҳром, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нурулло Холов, роҳбари Хонаи маданияти донишгоҳ Имомов Ҷамшед ташкил медоданд.
Дар озмун 15-нафар донишҷӯ аз рӯи 3 номинатсия: номинатсияи рассомӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун бо шоҳҷоиза, диплом ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо мекунанд.