,
Ҷумъа, 27-декабр
Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи амалӣ намудани Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ гардидааст, вохӯрӣ бо хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар мавзуи «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» баргузор гардид.
Дар вохури директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва байналмилалӣ Абдуллоҳи Раҳнамо, ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, прокурори калони шуъбаи муқовимат бо терроризм ва экстремизми прокуратураи минтақаи Кӯлоб Қурбонзода Зайниддин, сардори шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковник Назарзода Азим Назар, директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим Ғафор ва дигар намояндагон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Вохӯрии мазкурро Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, баргузории мулоқоти мазкурро ҳадафман арзёбӣ намуд. Зимни суханронӣ таъкид дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва паҳншавии зуҳуроти басо нигаронкунанда ва даҳшатовари ифротгароии динию мазҳабӣ ва даҳшатафкан тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари моро низ ба ташвиш овардааст.
Мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремизм ва терроризм мебошад.
Маърузачиён зимни суханрониҳо вобаста ба хатари экстремизму терроризм ба ҷомеа ҷаҳонӣ, тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар самти пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аҳамияти сулҳу субот ҷиҳати рушди иҷтимоию иқтисодиёти кишвар ибрози андеша намуда, суханони хешро бо иқтибосҳо аз Паёму суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият доданд.
Иброз гардид, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, сатҳи нокифояи маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи бетартибонаи сомонаҳои интернетӣ, бефарқии атрофиён ва амсоли инҳо мебошанд.
Даъват ба амал оварда шуд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар дастаҷамъона заҳмат кашид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҷавон баргузор гардида, як зумра хизматчиёни давлатӣ бо мукофотҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.