,
Шанбе, 23-ноябр
Ҳамасола бо ҳидояту раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ ба қудрат ва тавоноии насли ояндасоз дар қаламрави кишвар 23 май–Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чун рамзи эҳтиром таҷлил мегардад. Дар ин росто имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ таҳти унвони “Ҷавонон - нерӯи созандаву бунёдкори Ватан” ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Сафарзода Мунир ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Қисмати тантанавиро муовини ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин оғоз намуда, ҳозиронро ба "Рӯзи ҷавонон” шодбош гуфтанд, ҳамзамон зикр карданд: “Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеаву давлат ба ҳисоб мераванд. Талошҳои пайвастаи ҷавонони мо имрӯз ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон моро бовар бар он месозад, ки ҷавонон бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд”.
Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ порчаҳои назмӣ дар васфи ҷавонон қироат намуданд. Инчунин, ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов таронасароӣ карданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷавонони мо имрӯз аз зумраи саодатмандтарин наслҳо мебошанд, ки даврони ҷавонии онҳо ба чунин айёми зебову нусрат, тинҷиву амонӣ, тараби сури Истиқлолият, ҳамбастагиву ҳамдилии инсонҳо ва пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат рост омадааст.