,
Ҷумъа, 27-декабр
Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар ташкилоту идораҳои эҳтиёҷманд бо мутахассисони ҷавон санаи 20-уми майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мутобиқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №114 аз 1-уми феврали соли 2023 «Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2023» вохӯрӣ бо хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ дар соли таҳсили 2022- 2023 баргузор гардид.
Дар тақсимот муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихонзода Дилбар, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ Бобоев Бахтовар, намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва зиёда аз 300 нафар хатмкунандагон-мутахассисони ҷавон иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласаи тақсимот дотсент Холиқзода Айниддин, сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Алихонзода Дилбар ва сардори раёсати маорифи Вилояти Хатлон Сафарзода Ғазалшо суханронӣ намуда, мутахассисони ҷавонро ба вазифаву ӯҳдадориҳояшон ҷиҳати ба ҷои кор ҳозиршавӣ аз рӯи роҳхат тибқи талаботи қонунгузории Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илми кишвар шинос намуданд. Ҳамзамон онҳоро бо талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва “Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр кардани мутахассисон харҷ шудаанд” (аз 29.11.2022, №563) шинос намуда, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва оқибатҳои риоя накардани санадҳои зикргардидаро ба онҳо фаҳмониданд.
Дар охир, доир ба баъзе масъалаҳо дар робита ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон миёни мутахассисони ҷавон ва намояндаи вазорат саволу ҷавоб доир гардид.