, Панҷшанбе, 26-декабр

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР МИЗИ МУДАВВАРИ АБП ИДМ

 18.05.2023 224

ИШТИРОК ВА СУХАНРОНИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ ДАР МИЗИ МУДАВВАРИ АБП ИДМ

Имрӯз Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, узви Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар ҳошияи сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, дар мизи мудаввар таҳти унвони «Парламентаризми ҷавонон – мактаби ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷавонон» («Молодежный парламентаризм – школа формирования правовой и политической культуры молодёжи»), ки дар Донишгоҳи давлатии педагогии Россия ба номи А.И.Гертсени шаҳри Санкт-Петербур баргузор шуд, иштирок ва дар мавзуи «Оид ба парламентаризми ҷавонон ва рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» («О развитии молодежного парламентаризма и повышении правовой культуры молодежи в Республике Таджикистан») маърӯза намуданд.

Мизи мудаввари мазкур дар ҳошияи Форуми байналмилалии «Санкт-Петербург – пойтахти парлумонии Иттиҳод (ба ифтихори 320-солагии Санкт-Петербург)» доир шуда, кори форум санаҳои 18-19 майи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Форум таҳти роҳнамоии Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони ИДМ амал намуда, мақсад аз он рушди муколама ва дипломатияи парлумонӣ ҳамчун омили муассири ҳамкориҳо дар фазои ИДМ ва хориҷ аз он, омӯзиш ва муқоисаи таҷрибаи сохтмони парлумонӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо маънидод мешавад.

Дар чорабинӣ намояндагони парлумонҳои кишварҳои иштирокчии АБП ИДМ, намояндагони консулии кишварҳо дар Санкт-Петербург, муассисаҳои таҳсилотии олии шарики АБП ИДМ, созмонҳои ҷавонон, олимон ва коршиносон иштирок доранд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулоҳи Рӯдакӣ низ яке муассисаҳои таҳсилоти олии шарики Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ буда, моҳи ноябри соли 2022 бо Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва ҳамчунин, Донишгоҳи давлатии педагогии Россия ба номи А.И. Гертсен созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида буд.




Ба рӯйхат