, Панҷшанбе, 21-ноябр

СИПОСГУЗОРӢ

 17.05.2023 190

СИПОСГУЗОРӢ

Худову ростӣ рӯзи 5 май барои банда ва ҳамроҳонам басо неку хотирмон буд. Бо даъвати маъмурияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои вохӯрӣ бо донишҷӯён рафтем. Пешвозгирии саршори меҳри устодону донишҷӯён бо сарварии ректори Донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва ҳамқаламони онҷоӣ дар назди ҳайкали устод Рӯдакӣ, гулгузорӣ дар пояи ҳайкали Падарсолори адабиётамон, шеърхонии басо дилнишини донишҷӯдухтарон, ширкат дар маросими ботантана гуселондани наваскарон аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳ ба хизмати сарбозӣ бо хоҳиши худашон ва ба онҳо роҳи сафеду хизмати содиқона хостан дар ҳифзи марзу буми Ватан ҷасорату иродаи матин, тандурустӣ мояи сарфарозӣ буд.

Воқеан Ватан аз гӯшаи имон асту ҳимояи он қарзу шарафи фарзандӣ.

Имрӯз меҳан ва давлати соҳибистиқлоламон беш аз ҳарвақта ба сарбозони зираку ҳушёр ва шердилу фидоӣ ниёз дорад.

Маъмурияти Донишгоҳ ин маросимро бо камоли масъулият, ҳадафманд, хотирмон ва ибратбахш гузаронд.

Ширкати банда ва ҳамсафаронам: сармуҳаррири нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, шоир, нависанда ва рӯзноманигори маъруф Абдулқодири Раҳим, исломшинос Азизулло Мирзозода дар маҳфили “Гуфтугӯи ду насл” боиси ифтихор буд. Мо барои устодону донишҷӯён ва китобхонаи Донишгоҳ намунаҳое аз асарҳои тозанашри хешро армуғон бурдем.

Суҳбатҳо аслан ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, сиёсати давлатии Президенти муҳтарам бахшида шуданд. Ибрози андешаҳои ректори муҳтарам профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, устодону донишҷӯён, ҳамқаламон судманд сурат гирифт.

Ба пиндорам ин маҳфили пурсафо, ки савту сурудҳои ширини ҳунарманди хизматнишондодаи ҷумҳурӣ Нурулло Холов ба он ҳусну шукуҳ мебахшиданд, на танҳо ба ману ҳамсафаронам, балки ба ҳама аҳли нишаст хело “лаззати дидор” бахшид.

Ва ман ки ҳануз дар банди таассуроти бузург аз пазироии пурсафои донишҷӯёни гиромӣ, изҳори андешаҳои пурмағз ва самимии устодону ҳамқаламон мебошам, мехоҳам ба созмондиҳандагони ин ҳамоиш, хоса ректори Донишгоҳ Раҳмон Дилшод Сафарбек, донишманди арҷманди фарҳангшинос Зафар Мирзоён, ҳайати эҷодии нашрияи ин Донишгоҳ рӯзномаи «Анвори Дониш» арзи сипос намоям.

Шоистаи сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки қаламрави Хатлон, аз ҷумла шаҳри бостонии Кулоб, ки Донишгоҳ нигини он мебошад, хазинаи илм, ҳунару фарҳанг ҳасту макони меҳанпарастони шердилу фидоӣ ва хуни гарми ғурури ватанпарастӣ ҳамеша дар дилу раги пиру барнои он дар дифои давлати соҳибистиқлол меҷӯшад…

Ба ҳамаи азизон барори кор, хушиҳои рӯзгор, ободиву пойдории давлати Тоҷикистони азизро бо сарварии Президенти муҳтарам дар фазои сулҳу ваҳдат таманно менамоям.

Абдулҳамид САМАД, Нависандаи Халқии Тоҷикистон




Ба рӯйхат