, Панҷшанбе, 21-ноябр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

 15.05.2023 210

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ДОКТОРАНТИ PhD

Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии докторанти PhD-и кафедраи фалсафа Ғаюров Лоиқ Шералиевич дар мавзуи «Боҳамалоқамандии илм ва маориф дар шароити истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Қурбонов Абдураҳмон) баргузор гардид.

Дар муҳокима Абдуллоев Насрулло, мудири кафедраи фалсафа, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, Ибодов Маҳмадулло, доктори илмҳои фалсафа, профессор,  докторанти PhD-и кафедра Камолов Шодмон ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Садулоев Мадисо ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов Маҳмадулло баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии докторанти PhD Ғаюров Лоиқ Шералиевич бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба докторант ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.




Ба рӯйхат