,
Якшанбе, 22-декабр
Дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 13.05.2023 аз ҷониби кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо мизи мудаввар дар мавзуи «Нақши зан дар илми риёзӣ» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, мудири кафедра, номзади илмҳои физика ва математика Каримова Назокат, мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, номзади илмҳои техникӣ Шарипов Аламшо, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ Ниёзов Ҷонмуҳаммад, ассистенти кафедра Кулобиев Мирзо ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст мудири кафедра Каримова Назокат суханронӣ намуда, мизи мудавваро ҳусни оғоз бахшид, ҳамзамон қайд карданд, ки дар рушду таҳаввули бахшҳои мухталифи ҳаёт, бахусус илму маориф саҳми занони Тоҷикистон назаррас ва шоёни таҳсин аст. Дар соҳаҳои физикаю техника, кимиёву биология, тибу равоншиносӣ, иқтисоду сиёсат, таъриху филология, ҳуқуқу фалсафа, педагогикаю санъат ва бахшҳои дигари илм дастоварҳои олимаҳои тоҷикистонӣ қобили таърифу тавсиф аст. Бояд қайд намуд, ки аксари олимаҳои мо роҳбари проблемаҳои илмӣ низ мебошанд ва маҳз бо иштироки онҳо мавзӯъҳою мушкилиҳои илмӣ ҳалли худро меёбанд.
Сипас Ёдгории Асламхон, донишҷӯи курси 2-уми факултет дар мавзуи “Нақши зан дар илми риёзӣ” ва Амрохонова Меҳрона, донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Нақши бонувони тоҷик дар рушди илми имрӯза” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир миёни баромадкунандагон ва нишастагон оид ба мавзуҳои зиркгардида саволу ҷавоб доир гардид.