, Якшанбе, 22-ноябр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ

Санаи 17-уми ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими фаъолияти таълимӣ, интизомӣ ва ташкилии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷаласа таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан ва бо иштироки аъзои раёсат ва роҳбарони сохторҳо доир гардид.

Дар оғози ҷаласа раёсати донишгоҳ аз ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» ва роҳбари онҳо қадршиносӣ намуд.

Дар идома тибқи нақша масъалаи «Вазъи аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштани омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба масъалаи мазкур роҳбари гурӯҳи корӣ, дотсент Саидова Нилуфар баромад намуда, вазъи баланд бардоштани сатҳи касбият ва такмили ихтисоси ҳайати омӯзгорони кафедраҳоро шарҳ дод.

Сипас, масъалаи «Ҳолати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, пардохти маблағ барои иқомат дар хобгоҳ ва будубоши донишҷӯёни дар иҷора истиқоматкунанда» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Роҳбари гурӯҳи корӣ, дотсент Исуфзода Дилшод оид ба вазъи санитарию гигиении хобгоҳ, сари вақт пардохт гардидани маблағи иқомат ва шароити будубоши донишҷӯёне, ки дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд, ҳисобот пешниҳод кард.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ роҳбарони сохторҳо ва аъзои раёсат вобаста ба самтҳои фаъолияти худ баромад намуда, оид ба раванди корҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ маълумот пешниҳод карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, сари вақт ба курсҳои такмили ихтисос фаро гирифтани омӯзгорон, назорати қатъии вазъи санитарию гигиении хобгоҳҳо ва будубоши донишҷӯён дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва татбиқи босамари нақшаҳои корӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як корманди донишгоҳ ба ҳисоб меравад.




Ба рӯйхат