,
Якшанбе, 22-ноябр
17-уми ноябри соли 2026 дар ҳошияи баргузории ҷаласаи раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» ва роҳбари онҳо аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 13-14-уми ноябри соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар он натиҷаҳои назаррас ба даст оварда буданд.
Аз ҷумла, Фарзонаи Баҳоваддин, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқ, аз рӯйи равияи ҳуқуқ сазовори ҷойи якум гардида, Исломов Шермуҳаммад Амонуллоевич, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси сиёсат ва идора, аз рӯйи равияи сиёсатшиносӣ ва Сафарзода Сафаралӣ Хайрулло, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси аудит ва ревизия, аз рӯйи равияи иқтисод ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.
Бо мақсади қадрдонӣ аз дониш, маҳорат ва дастовардҳои арзандаи донишҷӯён, инчунин ҳавасмандгардонии онҳо барои ноил шудан ба муваффақиятҳои минбаъда, ректори донишгоҳ ғолибонро бо мукофотҳои пулӣ ҳавасманд намуд. Аз ҷумла, ба Фарзонаи Баҳоваддин ҳамчун ғолиби ҷойи якум маблағи мукофотонӣ дар ҳаҷми ду стипендия ва ба ғолибони ҷойҳои сеюм Исломов Шермуҳаммад Амонуллоевич ва Сафарзода Сафаралӣ Хайрулло ба ҳар кадом маблағи ҳавасмандгардонӣ дар ҳаҷми як стипендия тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, барои саҳми арзанда дар омодасозии донишҷӯён ва роҳнамоии онҳо дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра бо маблағи ҳавасмандгардонӣ дар ҳаҷми 0,5 маоши вазифавӣ ва Ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардонида шуд.
Зимни қадршиносӣ таъкид гардид, ки дастовардҳои мазкур натиҷаи заҳмати пайвастаи донишҷӯён, роҳнамоии масъулиятшиносонаи омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишгоҳ мебошанд.
Роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни лаёқатманд ва омӯзгорони ташаббускор пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, чунин иқдомҳоро омили муҳими рушди иқтидори зеҳнӣ, таҳкими рӯҳияи созандагӣ ва баланд бардоштани нуфузи донишгоҳ арзёбӣ менамояд.