, Шанбе, 21-декабр

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР - ОМӮЗИШ БО ИШТИРОКИ ПРОФЕССОР НЕЪМАТОВ САЪДУЛЛОҶОН

 11.05.2023 239

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР - ОМӮЗИШ БО ИШТИРОКИ ПРОФЕССОР НЕЪМАТОВ САЪДУЛЛОҶОН

Дар таърихи 11-уми майи соли ҷорӣ дар толори Шурои олимони факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Неъматов Саъдуллоҷон Эргашевич семинар - омӯзиши забони русӣ ва англисӣ бо иштироки омӯзгорони факултети филологияи рус ва факултети филологияи хориҷӣ баргузор гардид.

Нахуст дотсент Шарипова Одинамо суханронӣ намуда, устод Неъматов Саъдуллоҷонро ба донишгоҳ хайру мақдам гуфтанд.

Сипас профессор Неъматов Саъдуллоҷон баромад намуда, қайд карданд, ки дар ҷумҳурии мо ба омӯзиши забони русӣ аҳамияти калон дода мешавад, ки аз барномаи давлатии такмили забонҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2004-2014, ки то соли 2030 тамдид карда шудааст, шаҳодат медиҳад. Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида буд, ки дар асоси он се маротиба барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Охирин Барномаи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 қабул гардида, татбиқи он барои давраи то соли 2030 пешбинӣ шудааст.

Дар семинар - омӯзиш омӯзгорон мафҳумҳои навро бо забони русӣ ва англисӣ аз профессор Неъматов Саъдуллоҷон омӯхтанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар донишгоҳ бо мақсади забономӯзии донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.




Ба рӯйхат