, Сешанбе, 17-ноябр

АЗ ЭҲЁИ СУЛҲ ТО ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

(Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Таърих мақому манзалати шахсиятҳоро на танҳо бо рӯйдодҳое, ки дар даврони зиндагии онҳо ба вуқӯъ мепайванданд, балки пеш аз ҳама бо масъулияте месанҷад, ки дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз ба зимма гирифтаанд. Замоне ки ҳастии давлат зери хатар қарор мегирад, ҷомеа ба роҳбаре ниёз дорад, ки тавонад парешониро ба сарҷамъӣ, ноумедиро ба боварӣ ва ихтилофро ба ҳамдигарфаҳмӣ табдил диҳад. Дар таърихи навини Тоҷикистон фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз бо чунин рисолати таърихӣ-наҷоти давлат аз вартаи буҳрон, барқарории сулҳу субот ва фароҳам овардани заминаҳои эҳёи давлатдории миллӣ, пайванди ногусастанӣ дорад.

Рӯзи Президент дар кишвари мо, ки рӯйдоди фараҳбахши замони Истиқлол аст, фурсати муносибу созгор барои андеша дар бораи арзиши давлат, масъулияти роҳбарӣ ва роҳи пуршебу фарози тайкардаи миллат аст. Дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ин сана аҳаммияти боз ҳам бештар касб мекунад. Сию панҷ сол дар миқёси таърих фосилаи чандон тӯлонӣ нест, аммо барои миллати тоҷик давраи саршор аз озмоишҳои сангин, мубориза барои ҳифзи истиқлол, ҷустуҷӯи роҳи сулҳ, эҳёи ниҳодҳои давлатӣ ва оғози дигаргуниҳои созанда мебошад. Дар меҳвари ин марҳалаи тақдирсоз фаъолияти фарзнди фарзонаи ниёгони тамаддунофар Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр заминаи мушаххаси таърихӣ дорад. Маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти интихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд. Ин рӯйдод пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории интихоботи президентии 6 ноябри ҳамон сол ба вуқӯъ пайваста, оғози марҳалаи нави фаъолияти ниҳоди президентиро дар низоми ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол ифода намуд. Аз ин рӯ, таҷлили ин рӯз бо эҳтиром ба рукнҳои давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба таърихи Истиқлол ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ пайванди амиқ дорад.

Барои дарки моҳияти хизматҳои Пешвои миллат пеш аз ҳама бояд ба воқеияти солҳои аввали истиқлол назар афканд. Тоҷикистон дар он айём ба гирдоби буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ афтода буд. Ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти муназзами сохторҳои давлатиро фалаҷ карда, иқтисоди кишварро хароб ва садҳо ҳазор нафарро ба сарсониву оворагӣ гирифтор намуда буд. Ҷомеа ба буҳрони амиқи эътимод рӯ ба рӯ гардида, хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ ҳар лаҳза эҳсос мешуд. Дар чунин шароит вазифаи муқаддамин ҳифзи истиқлолу давлат, қатъи хунрезӣ ва бозгардондани умед ба қалби мардум буд.

Ба зимма гирифтани масъулияти роҳбарии давлат дар чунин вазъият ҷасорати сиёсӣ, иродаи қавӣ ва дарки амиқи масъулияти таърихиро тақозо мекард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ масъулияти роҳбарии давлатро пазируфта, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардумро самти меҳварии фаъолияти худ қарор доданд. Аҳаммияти ин мавқеъ дар он зоҳир мегардид, ки роҳи раҳоӣ аз буҳрон на дар идомаи муқовимат, балки дар муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва расидан ба созиши умумимиллӣ ҷустуҷӯ мешуд. Дар ҷомеае, ки ихтилофҳо онро ба пораҳои ҷудогона тақсим карда буданд, афзалият бахшидан ба манфиатҳои миллӣ амри ҳаётӣ ба шумор мерафт.

Хизмати таърихии Пешвои миллат дар раванди истиқрори сулҳ пеш аз ҳама дар иродаи устувори сиёсӣ барои идомаи музокирот, ҷустуҷӯи роҳҳои созиш ва ба ҳам овардани неруҳои мухталифи ҷомеа таҷассум ёфт. Ин роҳ ҳамвору осон набуд. Он сабру таҳаммул, гузаштҳои мутақобил, дурандешӣ ва масъулияти бузургро дар назди тақдири миллат тақозо мекард. Ҳар қадаме, ки ба сӯйи оштӣ гузошта мешуд, умеди бозгашт ба зиндагии осоиштаро дар қалби мардум қавитар месохт.

Натиҷаи муҳими ин талошҳои пайгирона 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба даст омад.

Арзиши сулҳро на танҳо аз рӯйи санадҳои сиёсӣ ва созишномаҳои расмӣ, балки пеш аз ҳама аз рӯйи таъсири он ба зиндагии инсонҳо метавон муайян кард. Бозгашти гурезагон ба Ватан, ба ҳам омадани оилаҳои аз ҳам ҷудошуда, дубора ба кор даромадани муассисаҳо ва барқарор шудани рӯзгори осоишта ба ҷомеа нафаси тоза бахшид. Сулҳ барои модаре, ки фарзандаш ба оғӯши ӯ баргашт, барои кӯдаке, ки дубора ба мактаб рафт ва барои деҳқоне, ки бо умеди ҳосили нав ба киштзор баромад, мафҳуми абстрактӣ набуд, балки воқеияти дилписанди зиндагӣ гардид. Маҳз ҳамин ҷанбаи инсонӣ ба раванди сулҳофарӣ арзиши амиқи маънавӣ мебахшад.

Истиқрори сулҳ дар айни замон оғози марҳалаи нави давлатсозӣ буд. Пас аз хомӯш шудани оташи ҷанг зарурати барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таҳкими низоми ҳуқуқӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва эҳёи иқтисоди миллӣ ба миён омад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ташаккул ва фаъолияти низоми нави давлатдориро муайян намуд. Дар ин марҳала вазифаи асосӣ ба ҳам пайвастани сулҳу суботи сиёсӣ бо таҳкими пояҳои давлат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи мардум буд.

Давлатдорӣ танҳо бо қабули қонуну қарорҳо ва таъсиси сохторҳо устувор намегардад. Он заҳмати пайваста, сиёсати дурбинона, иҷрои масъулиятноки қарорҳо ва ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро тақозо мекунад. Аз ин лиҳоз, гузариш аз марҳалаи барқарорсозӣ ба даврони созандагӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти роҳбарияти кишвар гардид. Рушди инфрасохтор, бунёду таҷдиди роҳҳо, неругоҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва иншооти иҷтимоӣ ба ҳадафи таҳкими иқтидори иқтисодии давлат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шуд.

Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистонӣ роҳсозӣ аҳаммияти хос дорад. Роҳ на танҳо василаи ҳаракат, балки омили пайванди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии минтақаҳо мебошад. Он деҳоти дурдастро ба марказҳо наздик месозад, имкониятҳои тиҷорату истеҳсолотро васеъ мекунад ва дастрасии мардумро ба маориф, тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳо беҳтар мегардонад. Аз ин ҷиҳат, сиёсати роҳсозӣ дар самти пайвастани минтақаҳои кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо нақши муҳим дорад.

Энергетика низ яке аз рукнҳои асосии рушди иқтисодӣ ва таҳкими истиқлоли воқеии давлат ба ҳисоб меравад. Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо ва рӯзгори ҳар як хонавода ба таъминоти устувори неруи барқ вобастагӣ дорад. Бинобар ин, бунёду таҷдиди иқтидорҳои энергетикӣ, аз ҷумла истифодаи имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, дар сиёсати рушди Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳимро ишғол менамояд. Самараи чунин иқдомҳо на танҳо дар натиҷаҳои имрӯза, балки дар имкониятҳое зоҳир мегардад, ки барои наслҳои оянда фароҳам меоянд.

Дар баробари таҳкими пояҳои иқтисодӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ғанӣ гардондани фазои маънавии ҷомеа низ аз самтҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ ба шумор меравад. Истиқлол ба миллати тоҷик имконият фароҳам овард, ки ба гузаштаи пурифтихори худ бо нигоҳи тоза назар афканад, мероси фарҳангиву адабии ниёгонро амиқтар омӯзад ва ҷойгоҳи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ боз ҳам равшантар дарк намояд. Гиромидошти чеҳраҳои барҷастаи илму адаб, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва эҳёи суннату ҷашнҳои миллӣ дар ин раванд аҳаммияти вижа пайдо карданд.

Арҷгузорӣ ба номовароне чун: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷомӣ, Айнӣ ва дигар бузургони илму адаби тоҷик пайванди маънавии насли имрӯз бо хираду таҷрибаи ниёгон, василаи таҳкими худшиносии миллӣ ва заминаи тарбияи насли оянда гардид. Эҳёи ҷашнҳои бостонии Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон низ ба ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ, эҳтиром ба табиат, қадршиносии меҳнат ва тарғиби суннатҳои неки зиндагисоз мусоидат намуд.

Арзиши фарҳангпарварии давлат бар он оварда расонид, ки мероси таърихӣ ба сарчашмаи маърифат, худшиносӣ ва созандагӣ табдил ёбад. Мардум хуб дарк намуданд, ки агар миллат решаҳои таърихии худро шиносад, ба оянда бо эътимоду устувории бештар қадам мегузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз ифтихор аз гузашта ба маънои воқеии худ расида, дар сатҳи дониш, фарҳанг, ахлоқ ва масъулияти шаҳрвандии ҷомеа таҷассум ёфтааст.

Маорифу илм низ аз муҳимтарин сармояҳои давлат ва омили асосии пешрафти устувори ҷомеа мебошанд. Давлати муосир ба мутахассисони донишманд, омӯзгорони соҳибкасб, муҳаққиқони навовар ва ҷавонони дорои тафаккури созанда ниёз дорад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди таҳқиқоти илмӣ, густариши робитаи илм бо истеҳсолот ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон бояд аз вазифаҳои доимии ҷомеа бошанд. Барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ин ҳадаф, пеш аз ҳама, маънои баланд бардоштани сатҳи дониш, таҳкими фарҳанги таҳқиқотӣ ва тарбияи масъулияти касбии донишҷӯёнро дорад.

Эълон шудани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 январи соли 2025 бозгӯи таваҷҷуҳи хос ба омодасозии кишвар ба талаботи иқтисодиёти муосир мебошад. Ин иқдом зарурати азхудкунии технологияҳои нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва ташаккули захираҳои инсонии рақобатпазирро таъкид мекунад.

Барои аҳли илму маориф татбиқи чунин ҳадафҳо бояд бо натиҷаҳои мушаххас ҳамроҳ бошад. Таҳқиқоти дорои аҳаммияти амалӣ, пешниҳоди роҳҳои ҳалли масъалаҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим ва ташаккули малакаҳои муосири ҷавонон метавонанд ба рушди кишвар саҳми арзанда гузоранд. Ба ин маънӣ, сиёсати рушди маорифу илм на танҳо имконият, балки масъулияти бештарро низ ба зиммаи зиёиёну муҳаққиқон мегузорад.

Дар сиёсати хориҷӣ низ Тоҷикистон бо такя ба принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳо мавқеи худро тақвият бахшидааст.

Пайки ифтихор аст, ки 31-уми март соли 2025 дар шаҳри бостонии Хуҷанди Тоҷикистон сарони се давлати дӯст ва бародар–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар тантанаҳои ҷашнӣ иштирок намуда, дар рафти он як қатор созишномаҳои муҳими ҳамкориро ба имзо расониданд, ки барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлатҳои ҳамсоя саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Дӯстии халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз гарави сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва барои наслҳои оянда намунаи ибрат хоҳад буд. Ин дӯстӣ бояд ҳифз ва таҳким бахшида шавад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».

Аҳамияти ин рӯйдод ба зиндагии сокинон ва дурнамои ҳамкории минтақавӣ пайванд дорад. Ҳалли масъалаҳо бо роҳи музокира имкони таҳкими эътимод ва муносибатҳои устувори ҳамсоягиро бештар мекунад. Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар чунин раванд идомаи мавқеи муколамамеҳвар дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ мебошад.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи захираҳои об, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим низ дар муаррифии кишвар ҳамчун давлати ташаббускор нақши муҳим доранд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва 21 март нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил шуд. Ҳамчунин, бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон ва Фаронса Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера эълон намуд.

Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе идомаи амалии ин ташаббусҳои ҷаҳонӣ гардид. Ҳамоиши мазкур роҳбарони давлатҳо, олимон, коршиносон ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро ба ҳам оварда, барои таҳкими ҳамкориҳо дар самти омӯзишу ҳифзи пиряхҳо ва таъмини устувории минтақаҳои кӯҳистон заминаи мусоид фароҳам овард.

Масъалаи ҳифзи пиряхҳо аз доираи манфиатҳои як кишвар фаротар рафта, бо амнияти обӣ, озуқаворӣ, муҳити зист ва ояндаи наслҳои башар робитаи мустақим дорад. Пиряхҳо сарчашмаи муҳими оби тоза ва танзимгари табиии низоми обии минтақаҳо мебошанд. Аз ин рӯ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи онҳо на танҳо ташаббуси экологӣ, балки ифодаи масъулияти муштараки инсоният дар назди ояндаи сайёра мебошад. Тоҷикистон бо пешбурди чунин иқдомҳо саҳми худро дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ мегузорад.

Бо назаре ба роҳи тайшуда метавон пай бурд, ки марҳалаҳои асосии рушди Тоҷикистон дар се самти ба ҳам пайваста таҷассум меёбанд: эҳёи сулҳу субот, таҳкими давлатдории миллӣ ва густариши иқтидори иқтисодиву маънавии кишвар. Сулҳ ба созандагӣ роҳ кушод, созандагӣ пояҳои давлатро устувор гардонд ва давлатдории соҳибистиқлол барои муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имкониятҳои нав фароҳам овард. Ин равандҳо дар маҷмӯъ саҳифаҳои муҳими таърихи навини миллатро ташкил медиҳанд.

Рӯзи Президент моро водор месозад, ки ба қадри давлату истиқлол, ваҳдату субот ва имкониятҳои созандагии имрӯз бирасем. Зеро ҳифзи дастовардҳои миллӣ танҳо вазифаи сохторҳои давлатӣ нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Арҷгузорӣ ба хизматҳои давлатсозӣ дар амалҳои созанда ва фаъолияти софдилонаи ҳар фарди ҷомеа таҷассум меёбад: дар дарси босифати омӯзгор, таҳқиқоти арзишманди олим, сухани масъулиятшиносонаи рӯзноманигор, фаъолияти созандаи соҳибкор ва меҳнати ҳалолонаи ҳар як шаҳрванд. Танҳо бо чунин масъулиятшиносӣ метавон дастовардҳои имрӯзро ба заминаи боэътимоди пешрафти фардо табдил дод.

Мақому манзалати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо талошҳо дар роҳи барқарории сулҳ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон пайванд дорад. Қадршиносии ин марҳалаи таърихӣ моро ба ҳифзи сулҳу субот, таҳкими худшиносии миллӣ, омӯзиши пайваста ва ободонии Ватан ҳидоят менамояд. Зеро давлате, ки аз озмоишҳои сангин гузаштааст, танҳо бо хиради сиёсӣ, ваҳдати мардум ва заҳмати созандаи шаҳрвандонаш метавонад устуворона ба сӯйи ояндаи дурахшон қадам гузорад.

Ҳамин тариқ, дар интиҳои асри XX миллати тоҷик тавонист аз яке аз фоҷиабортарин марҳалаҳои таърихи худ раҳоӣ ёфта, сулҳу ваҳдатро барқарор созад ва пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшад. Дар ин раванди сарнавиштсоз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас мебошад. Имрӯз вазифаи наслҳои минбаъда аз он иборат аст, ки ин дастовардҳои таърихиро ҳифз намуда, бо дониш, маърифат, ваҳдат ва меҳнати созанда истиқлоли давлатиро боз ҳам устувор гардонанд. Зеро эҳёи давлатдорӣ танҳо як рӯйдоди таърихӣ нест, балки раванди пайвастаест, ки идомаи он аз масъулияту талоши ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вобаста мебошад.

Алишери Абдулмаҷид, дотсенти кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба рӯйхат