,
Сешанбе, 17-ноябр
Дар низоми давлатдории муосир институти президентӣ яке аз унсурҳои муҳимми сохтори конститутсионии давлат ба ҳисоб меравад. Мақом, нақш ва доираи ваколатҳои Президент аз шакли идоракунии давлат, хусусиятҳои низоми сиёсӣ, анъанаҳои давлатдорӣ ва меъёрҳои конститутсионии ҳар як кишвар вобастагии мустақим доранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институти президентӣ дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, шакли идоракунии он президентӣ мебошад.
Моддаи 64 Конститутсия мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври мушаххас муайян намуда, муқаррар мекунад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Ҳамзамон, Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорӣ ва бардавомии давлат, инчунин таъминкунандаи фаъолияти мураттаби мақомоти давлатӣ ва ҳамкории байни онҳо мебошад.
Аз ин рӯ, омӯзиши мақом ва нақши Президент дар низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо аҳаммияти назариявӣ, балки аҳаммияти амалии конститутсионӣ ва сиёсӣ низ дорад.
Мақоми конститутсионӣ ва ҳуқуқии Президент маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки тартиби интихоб, муҳлати ваколат, ҳуқуқу уҳдадориҳо, салоҳият, муносибат бо дигар мақомоти давлатӣ ва кафолатҳои фаъолияти ӯро муайян менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии мақоми Президентро, пеш аз ҳама, боби чоруми Конститутсия, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, ташкил медиҳад.
Мувофиқи моддаи 65 Конститутсия Президент аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи умумӣ, мустақим ва баробари интихобот, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати ҳафт сол интихоб карда мешавад. Талабот нисбат ба номзад ба мансаби Президент ва тартиби интихоботи ӯ дар Конститутсия ва қонунгузории конститутсионӣ муқаррар гардидаанд.
Яке аз хусусиятҳои муҳимми мақоми Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ӯ на танҳо сарвари давлат, балки сарвари ҳокимияти иҷроия низ мебошад. Ин ҳолат хусусияти низоми идоракунии президентиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Тибқи моддаи 68 Конститутсия Президент наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад ё ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардад. Ин маҳдудиятҳо бо мақсади таъмини иҷрои мустақилона ва масъулиятноки ваколатҳои конститутсионии Президент пешбинӣ шудаанд.
Ба андешаи мо, мақоми Президент дар низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун институти мустақил ва махсуси конститутсионӣ арзёбӣ гардад, ки вазифаи асосии он таъмини ягонагии ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти мураттаби мақомоти давлатӣ ва татбиқи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад.
Ҳамкории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти қонунгузор
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 48 Конститутсия парламенти кишвар, мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст.
Дар низоми муносибатҳои конститутсионӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олӣ дорои ваколатҳои мустақил буда, фаъолияти худро дар доираи муқаррароти Конститутсия ва бо риояи принсипи ҳамкории байни мақомоти давлатӣ амалӣ менамоянд.
Яке аз шаклҳои асосии ҳамкории Президент бо мақомоти қонунгузор ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Мувофиқи моддаи 58 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мебошад. Ин ҳуқуқ ба Президент имконият медиҳад, ки бо тартиби муқарраргардида лоиҳаи қонунҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намояд.
Бояд қайд кард, ки лоиҳаи қонунҳо ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, қонунҳо аз ҷониби ин Маҷлис қабул карда мешаванд. Баъдан онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия барои баррасӣ ва ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мегарданд. Истиснои ин тартиб қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва авф мебошанд, ки танҳо аз ҷониби Маҷлиси намояндагон қабул карда мешаванд.
Нақши Президент дар марҳилаи ниҳоии раванди қонунгузорӣ низ муҳим мебошад. Тибқи моддаи 62 Конститутсия қонунҳо барои имзо ва интишор ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд. Агар Президент ба қонун ё қисми он розӣ набошад, ҳуқуқ дорад дар муҳлати понздаҳ рӯз бо нишон додани далелу эродҳои худ онро барои баррасии такрорӣ ба Маҷлиси намояндагон баргардонад.
Дар сурати баррасии такрорӣ ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бо аксарияти муқаррарнамудаи Конститутсия ҷонибдорӣ ёфтани қонун Президент вазифадор аст онро дар муҳлати даҳ рӯз имзо ва интишор намояд.
Ҳамчунин, мувофиқи моддаи 55 Конститутсия Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи худ як қатор масъалаҳои муҳими давлатиро баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла, тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъин ва озод намудани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат ба салоҳияти ҷаласаи якҷояи ҳар ду маҷлис дохил мешавад.
Дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Ин тартиб яке аз шаклҳои муҳими ҳамкории конститутсионии Президент ва парламенти кишвар ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, муносибатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маҷлиси Олӣ дар асоси тақсимоти ваколатҳо, ҳамкории конститутсионӣ ва риояи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия амалӣ карда мешаванд.
Мақом ва нақши Президент дар низоми ҳокимияти иҷроия
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ ба ҳокимияти иҷроия ва таъмини фаъолияти самараноки Ҳукумат мебошад.
Мувофиқи моддаи 64 Конститутсия Президент сарвари ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
Тибқи моддаи 69 Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳокимияти иҷроия як қатор ваколатҳои муҳимро амалӣ менамояд, аз ҷумла:
Ин ваколатҳо мақоми махсуси Президентро дар низоми ҳокимияти иҷроия инъикос намуда, нақши ӯро дар ташкили фаъолияти Ҳукумат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроия муайян мекунанд.
Ҳамзамон, моддаи 73 Конститутсия вазифаҳои Ҳукуматро дар самти роҳбарии соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин таъмини иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд.
Аз ин рӯ, метавон хулоса кард, ки Президент дар низоми идоракунии давлатӣ на танҳо самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро муайян менамояд, балки барои ташкили фаъолияти мураттаби ҳокимияти иҷроия низ дорои масъулияти конститутсионӣ мебошад.
Ҳамкории Президент бо мақомоти ҳокимияти судӣ
Ҳокимияти судӣ яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаи асосии он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат, таъмини қонуният ва татбиқи адолати судӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати Президент бо мақомоти ҳокимияти судӣ дар асоси ваколатҳои мушаххаси конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи муқаррароти моддаи 69 Конститутсия Президент номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин, мувофиқи муқаррароти ҳамин модда Президент судяҳои судҳои ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, инчунин судҳои иқтисодии дахлдорро бо тартиби муқарраргардида таъин ва озод мекунад.
Аз ин муқаррарот бармеояд, ки Президент дар раванди ташаккули ҳайати судяҳои кишвар нақши конститутсионӣ дорад. Аммо ин ваколат набояд ҳамчун ҳуқуқи дахолат ба фаъолияти судӣ фаҳмида шавад, зеро мустақилияти ҳокимияти судӣ яке аз кафолатҳои асосии сохтори конститутсионии давлат мебошад.
Махсусан, моддаи 87 Конститутсия мустақилияти судяҳоро кафолат дода, муқаррар менамояд, ки судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд ва дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Аз ин рӯ, иштироки Президент дар ташаккули ҳайати мақомоти судӣ бояд танҳо дар доираи ваколатҳои конститутсионӣ амалӣ гардида, ба мустақилияти судяҳо ва принсипи адолати судӣ халал ворид насозад.
Президент ҳамчун кафили Конститутсия ва таъминкунандаи ҳамкории мақомоти давлатӣ
Яке аз хусусиятҳои муҳимми мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки ӯ тибқи моддаи 64 Конститутсия ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Иҷрои ин вазифаи конститутсионӣ аз Президент риояи қатъии меъёрҳои Конститутсия, таъмини фаъолияти мутобиқ ва мураттаби мақомоти давлатӣ ва фароҳам овардани шароити заруриро барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақозо менамояд.
Моддаи 9 Конститутсия муқаррар мекунад, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад. Ин принсип яке аз асосҳои муҳимми сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, бояд таъкид намуд, ки Президент дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи махсусро ишғол мекунад. Ин мавқеъ, пеш аз ҳама, бо он муайян мегардад, ки Президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳокимияти иҷроия мебошад.
Ваколатҳои конститутсионии Президент дар самти таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ, намояндагии давлат дар муносибатҳои байналмилалӣ, муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва роҳбарӣ ба ҳокимияти иҷроия мавқеи махсуси ӯро дар низоми идоракунии давлатӣ тақвият мебахшанд.
Ҳамзамон, амалӣ намудани ваколатҳои Президент бояд дар доираи Конститутсия ва қонунҳо сурат гирифта, мустақилияти мақомоти қонунгузор ва судӣ, инчунин салоҳияти конститутсионии онҳоро эҳтиром намояд. Танҳо дар сурати риояи ин талабот метавон мувозинати байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва фаъолияти самараноки низоми идоракунии давлатиро таъмин кард.
Хусусиятҳои асосии мақоми Президент дар низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низоми идоракунии президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор хусусиятҳои конститутсионӣ тавсиф мегардад, ки мавқеъ ва нақши Президентро дар низоми мақомоти давлатӣ муайян менамоянд.
Аввалан, Президент ҳамзамон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия мебошад. Ин хусусият мақоми ӯро дар сохтори мақомоти давлатӣ муайян мекунад.
Дуюм, Президент дорои ваколатҳои васеи конститутсионӣ дар самти муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад.
Сеюм, Президент дар ташаккули ҳайати Ҳукумат ва таъмини фаъолияти самараноки он нақши муҳим дорад.
Чорум, Президент дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ буда, дар марҳилаи имзо ва интишори қонунҳо низ ваколатҳои конститутсиониро амалӣ менамояд.
Панҷум, Президент дар ташаккули мақомоти ҳокимияти судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия иштирок мекунад.
Шашум, Президент ҳамчун ҳомии Конститутсия ва қонунҳо барои таъмини ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд масъулияти конститутсионӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ташкил гардида, ҳар як шохаи ҳокимият дорои ваколат ва салоҳияти мустақили конститутсионӣ мебошад. Президент бошад, дар ин низом мақоми махсуси конститутсионӣ дошта, ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия амал менамояд.
Хулоса, дар натиҷаи таҳлили мақоми конститутсионӣ ва ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойгоҳ ва нақши ӯ дар низоми мақомоти давлатӣ метавон ба хулосаҳои зерин расид:
Ҳамин тариқ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи калидӣ ва махсуси конститутсионӣ дошта, фаъолияти ӯ барои таъмини фаъолияти мураттаби ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи сохтори конститутсионӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.
Давлатзода Шуҳрат-номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Дустов Насим-ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ