,
Шанбе, 14-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» оғоз гардид.
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Пешво аз қалби мардум» бо иштироки устодону донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.
Ин иқдоми маърифатӣ ва тарбиявӣ бо ҳадафи таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ва шинохти саҳми шахсиятҳои таърихӣ дар бунёди давлатдории навини тоҷикон амалӣ мегардад.
Филми «Пешво аз қалби мардум» бозгӯкунандаи корномаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаҳои ҳассосу сарнавиштсози таърихи миллати тоҷик ва раванди ташаккулу таҳкими давлатдории миллӣ мебошад. Дар он лаҳзаҳои муҳими таърихӣ, талошҳои пайваста баҳри ҳифзи сулҳу субот, таъмини ваҳдати миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон инъикос ёфтаанд. Ҳамзамон, андешаву назари чеҳраҳои саршинос ва шахсиятҳои шинохтаи ҷомеа оид ба нақши таърихии Пешвои миллат дар таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи хосса доранд.
Тамошои чунин филми пурмуҳтаво барои насли ҷавон дарси ибрат, худогоҳӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди Ватан мебошад. Он ҷавононро водор месозад, ки ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ бирасанд, сабақҳои таърихро омӯзанд ва дарк намоянд, ки ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баландро тақозо мекунад.
Мақсад аз баргузории ин чорабинии фарҳангиву маърифатӣ, пеш аз ҳама, дар замири донишҷӯён бедор намудани ҳисси баланди ифтихори миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, садоқат ба Ватан, таҳкими ваҳдати миллӣ, тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ мебошад. Ҳамчунин, он ба баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихии ҷавонон, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ, пос доштани хотираи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои созанда дар роҳи пешрафту шукуфоии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки намоиши филми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсоз ба таври пайдарпай то санаи 16 ноябри соли 2026 идома ёфта, ба тамошои он устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ҷалб карда мешаванд.
Зеро миллате, ки таърихи худро медонад, ба қадри имрӯз мерасад ва барои фардои худ масъулият эҳсос мекунад. Шинохти дирӯз, арҷгузорӣ ба имрӯз ва талош барои фардои дурахшон аз муҳимтарин рукнҳои ташаккули насли ватандӯсту худогоҳ ба шумор мераванд.