,
Шанбе, 14-ноябр
14-уми ноябри соли 2026 дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ баргузор гардид. Ин иқдоми солимгардонӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, ба таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонии аҳли ҷомеаи донишгоҳ равона карда шуд.
Зимни машқ иштирокчиён таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он як қатор машқҳои гуногуни умумирушддиҳанда ва варзиширо иҷро намуданд. Фазои тантанавӣ, иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён ва рӯҳияи баланди ҳозирин бозгӯи аҳаммияти чунин иқдомҳо дар таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ, интизом ва ташаккули муҳити солими таълимиву тарбиявӣ буд.
Қобили зикр аст, ки роҳандозии машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ дар донишгоҳ ба яке аз иқдомҳои муҳими тарғиби фарҳанги солимгардонӣ табдил ёфта, барои ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ, пешгирии камҳаракатӣ ва баланд бардоштани масъулият нисбат ба ҳифзи саломатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Донишгоҳ минбаъд низ ин иқдоми судмандро идома дода, ҷиҳати ташаккули муҳити солим, фаъол ва созанда дар байни омӯзгорону донишҷӯён тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад намуд.