,
Душанбе, 14-октябр
Санаи 11-уми май дар доираи лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ “TRIGGER – Ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ”, ки аз моҳи январи соли 2021 татбиқ гардида истодааст ва донишгоҳ шарики он мебошад, тренинги омӯзишӣ баргузор гардид.
Дар кори тернинг меҳмонон аз донишгоҳи Ҳамоҳангсози кулли лоиҳа - Донишгоҳи техникии Кошитсеи Словакия (ASTRA), Донишгоҳи Код’Дэ Азури Франсия, Ассотсиатсия барои инноватсия ва рушд ва Маркази омӯзишии IDEC S.A., Юнон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф овардаанд, ки барои боз ҳам мустаҳкамтар намудани ҳамкориҳои миёни МТОК ва корхонаҳо омодасозии мутахасиссони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ба кор таъминшавии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз таҷрибаи худ тавассути рӯнамо баромад намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии лоиҳаи “TRIGGER” мусоидат ба рушди иқтисодӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид ва беҳтар намудани ҷараёни кортаъминкунии хатмкунандагон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.
Тренинги имрӯза бошад дар доираи бастаи кории 1-и лоиҳа, ки “Таҳкими ҳамкориҳо миёни МТОК ва корхонаҳо - корфармоён бо мақсади ба кор таъминшавӣ ” унвон мешавад, баргузор гардид, ки он дар самти боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ҳамкориҳои донишгоҳ бо ташкилоту корхонаҳо ҷиҳати омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидати созгор хоҳад дошт.