,
Шанбе, 14-ноябр
Санаи 13.11.2026 дар факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии илмии “Конфутсий”-и назди кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси забони англисӣ-хитой бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои марбут ба омӯзиши забони чинӣ ва хусусиятҳои он дар ҷаҳони муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Солеҳова Асмина дар мавзуи “Мушкилот ва роҳҳои омӯзиши иероглифҳои чинӣ” ва Шафиева Садбарг дар мавзуи “Забони чинӣ - яке аз забонҳои пешбари ҷаҳон” баромад намуда, доир ба мақому ҷойгоҳи забони чинӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ, илму фарҳанг ва робитаҳои иқтисодии ҷаҳонӣ андешаҳои худро баён карданд.
Баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ барои рушди донишҳои забономӯзии донишҷӯён, такмили маҳорати таҳқиқотӣ, баланд бардоштани шавқу рағбат ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва шиносоӣ бо фарҳангу тамаддуни халқҳои дигар мусоидат менамояд.