, Шанбе, 14-ноябр

НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН


НАҚШИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИНКИШОФИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

13 ноябри соли 2026 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсия таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар инкишофи давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он устодону омӯзгорон ва дигар иштирокдорони чорабинӣ масъалаҳои муҳими таърихи давлатдории миллӣ, нақши Иҷлосияи XVI дар муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории навинро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нахуст декани факултет, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр суханронӣ намуда, зикр намуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мақоми сарнавиштсоз дошта, барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи муҳим фароҳам овард.

Сипас, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Назарзода Пиралӣ дар мавзуи “Президент ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик”, номзади илмҳои таърих, дотсент, муовини декан оид ба таълим Файзов Некрӯз дар мавзуи “Рисолати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Сафаров Холмад бо маърӯзаи худ таҳти унвони “Гардиши куллӣ дар сарнавишти миллат” ва номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърих ва методикаи таълими таърих Холмуродзода Меҳрафруз дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ва ташаккули заминаҳои сулҳу субот” маърӯза намуданд. Дар он масъалаҳои марбут ба нақши иҷлосия дар барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар қисмати музокирот иштирокдорони ҳамоиш атрофи мазмуну муҳтавои маърӯзаҳо табодули афкор намуда, андешаҳои худро оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлати навини тоҷикон баён доштанд.




Ба рӯйхат