, Шанбе, 14-ноябр

ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ


ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

Таърихи 13 ноябри соли ҷорӣ дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси кушоди тарбиявии муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Ситораи Абдурасул дар гурӯҳи 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.

Дарси кушоди тарбиявӣ ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он масъалаҳои марбут ба мақому ҷойгоҳи ин санаи муҳим дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишвар, таърихи давлатдории миллӣ ва нақши ниҳодҳои давлатӣ дар таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Зимни машғулият омӯзгор аз хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ёдовар шуда, нақши арзандаи онҳоро дар ташаккули давлатдории муосири тоҷикон таъкид намуд. Ҳамзамон, доир ба аҳамияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон андешаронӣ карда шуд.

Дар рафти дарс донишҷӯён низ фаъолона иштирок намуда, доир ба мавзуи баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро иброз доштанд. Суҳбату мубодилаи афкор барои боз ҳам амиқтар дарк намудани арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеа мусоидат намуд.




Ба рӯйхат