, Шанбе, 14-ноябр

CЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД


CЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

Санаи 13 ноябри соли 2026 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари назариявӣ ва илмию методии кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.

Семинар ба баррасии масъалаи муҳимми ҳифзи муҳити зист дар мавзуи “Харобшавии хок ва роҳҳои пешгирии он” бахшида шуда, ассистенти кафедра Раҳимова Муҳаббат дар ин мавзуъ маърӯза пешниҳод намуд.

Зимни маърӯза масъалаҳои марбут ба харобшавии хок, омилҳои ба он таъсиррасонанда ва роҳҳои пешгирии ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид гардид, ки ҳифзи хок ҳамчун яке аз захираҳои муҳимми табиӣ барои нигоҳдории мувозинати экологӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калон дорад.

Дар қисмати муҳокима масъалаҳои пешниҳодшуда мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд.




Ба рӯйхат