,
Шанбе, 14-ноябр
13 ноябри соли 2026 дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент Наврӯз Носирӣ оғоз гардида, зимни суханронӣ оид ба мақому ҷойгоҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар идомаи мизи мудаввар маърӯзаҳо доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар пешниҳод гардиданд.
Аз ҷумла, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва қарз Холиқзода Аҳлиддин дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар рушди низоми таъминоти иҷтимоӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2020–2025” ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи молия ва қарз Ҳаёзода Қиёмуддин дар мавзуи “Рушди низомии бонкии Тоҷикистон дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди низоми бонкии кишвар” баромад намуда, доир ба ташаккул ва рушди низоми бонкии миллӣ, такмили фаъолияти муассисаҳои молиявӣ ва саҳми сиёсати давлатӣ дар пешрафти ин соҳа андешаҳои худро баён кард.
Дар қисмати музокирот иштирокдорон атрофи мавзуъҳои матраҳгардида табодули афкор намуда, аҳамияти сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлатро дар таъмини рушди устувори кишвар таъкид карданд.