, Шанбе, 14-ноябр

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ


РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

13-уми ноябри соли 2026 бо мақсади гиромидошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори факултети филологияи тоҷик ва журналистика ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш устодону омӯзгорон, олимону муҳаққиқон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба фаъолияти сиёсиву давлатдорӣ, ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва баланд бардоштани мақому манзалати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамоишро декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиқорзода Муҳаммад ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ табрик намуд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҷашнҳои муҳими давлатӣ буда, бозгӯи нақши ниҳоди президентӣ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти миллӣ, таъмини ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад.

Дар идома тибқи барномаи ҳамоиш як қатор маърӯзаҳои илмӣ-таҳлилӣ пешниҳод гардиданд. Номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи зан дар ҷомеа» маърӯза намуда, доир ба сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан, фароҳам овардани имконоти таҳсилу фаъолияти касбӣ ва иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар андешаронӣ кард. Қайд гардид, ки қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва ҷорӣ гардидани Квотаи Президентӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти занону духтарон заминаи муҳим гузоштаанд.

Давлатов Абдулмаҷид, дотсент, мудири кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ» маърӯза намуд. Номбурда сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла сиёсати «дарҳои боз» ва ташаббусҳои байналмилалии кишварро дар самти ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди таҳлил қарор дод. Зикр гардид, ки ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ ба баланд гардидани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудаанд.

Ҳамчунин, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистика Сафарзода Манучеҳр дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот» маърӯза намуда, марҳилаҳои муҳими таърихи соҳибистиқлолии кишвар, раванди барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва ташаккули пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мавриди баррасӣ қарор дод. Таъкид шуд, ки таҷрибаи сулҳофарӣ ва давлатсозии Тоҷикистон барои омӯзиши масъалаҳои давлатдорӣ ва тарбияи насли ҷавон аҳаммияти вижа дорад.

Дар бахши фарҳангии ҳамоиш донишҷӯёни боистеъдоди факултет бо қироати шеърҳои ватандӯстона дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшиданд.




Ба рӯйхат