, Ҷумъа, 13-ноябр

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА ТАРТИБ ВА УСУЛҲОИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД


СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДОИР БА ТАРТИБ ВА УСУЛҲОИ ТАҲИЯИ ЛОИҲАҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

12 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Раёсати илм ва инноватсия ва тибқи дастури роҳбарияти донишгоҳ семинари омӯзишӣ дар мавзуи “Тартиб ва усулҳои таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар доираи мавзуъҳои фармоишӣ” баргузор гардид.

Ҳадафи асосии семинар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорон дар самти таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ҷалби бештари онҳо ба корҳои лоиҳавӣ ва омода намудани пешниҳодҳои босифати илмӣ дар доираи мавзуъҳои фармоишӣ арзёбӣ гардид.

Дар семинар декани факултети физика, математика ва информатика, номзади илмҳои педагогӣ Самариддинова Зайнаб маърӯза намуда, оид ба тартибу усулҳои таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зимни баромад масъалаҳои муҳимми марбут ба интихоби дурусти мавзуи лоиҳа, муайян намудани мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, асосноккунии илмии он, таҳияи нақшаи корӣ, муайян намудани натиҷаҳои интизоршаванда ва тартиби омодаю пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ раванди мақсаднок ва низомманд буда, аз омӯзиши масъала, муайян намудани зарурат ва аҳамияти таҳқиқот, асосноккунии илмӣ ва пешбинӣ намудани натиҷаҳои мушаххас иборат мебошад. Аз ин рӯ, риояи талаботи муқарраршуда ва муносибати масъулона дар ҳар марҳалаи таҳияи лоиҳа барои баланд бардоштани сифати пешниҳодҳои илмӣ нақши муҳим дорад.

Дар идомаи семинар иштирокдорон доир ба масъалаҳои баррасишуда табодули афкор намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.




Ба рӯйхат