, Ҷумъа, 13-ноябр

МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС


МАҲФИЛИ “ЛИТЕРАТУРНЫЙ РАССВЕТ” ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

12 ноябри соли 2026 дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии адабии “Литературный рассвет”-и назди кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус бо иштироки устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.

Дар доираи маҳфил ду маърӯза пешниҳод гардид: «Творческое развитие деревенской прозы в творчестве писателей XX века» ва «Деревня и город в прозе Шукшина».

Зимни маърӯзаҳо хусусиятҳои ташаккул ва рушди насри деҳот дар адабиёти асри XX, мавқеи он дар инъикоси ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа, инчунин тасвири зиндагии мардум, муносибатҳои инсонӣ ва муқоисаи муҳити деҳоту шаҳр дар осори нависандагони рус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар идомаи маҳфил иштирокдорон доир ба мазмуну муҳтавои маърӯзаҳо табодули афкор намуда, андеша ва мулоҳизаҳои худро баён карданд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои нақши насри деҳот дар адабиёти рус, ҳунари эҷодии нависандагон ва аҳамияти омӯзиши осори онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.




Ба рӯйхат