, Ҷумъа, 13-ноябр

МИЗИ МУДАВВАР ДОИР БА НИЗОМИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


МИЗИ МУДАВВАР ДОИР БА НИЗОМИ МАҚОМОТИ ИДОРАКУНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштроки устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Зимни мизи мудаввар номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Назаров Муродалӣ оид ба мавзуи мазкур маърӯза пешниҳод намуда, ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии низоми идоракунии давлатиро шарҳ дод.

Дар идома иштирокдорон атрофи масъалаҳои баррасишуда табодули назар намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Ҳамзамон, доир ба нақши мақомоти давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таъмини фаъолияти самараноки низоми идоракунӣ андешаҳо иброз гардиданд.




Ба рӯйхат