, Ҷумъа, 13-ноябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС


БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ РУС

Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус Ҳалимова Мавҷуда баргузор гардид.

Дарси намунавӣ аз фанни “Выразительное чтение” дар гурӯҳи таълимии 302, дар мавзуи “Работа над артикуляцией звуков” гузаронида шуд.

Зимни баргузории машғулият омӯзгор ба масъалаҳои дуруст талаффуз намудани овозҳо, такмили маҳорати артикулятсионӣ ва рушди нутқи шифоҳии донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Ҳамзамон, бо истифода аз усулҳои гуногуни методӣ роҳу усулҳои ташаккули талаффузи саҳеҳ ва равону бурро ба донишҷӯён шарҳ дода шуданд.

Дар рафти дарс донишҷӯён бо иҷрои машқҳои амалӣ, такрори овозҳо ва калимаҳо, инчунин иҷрои супоришҳои таълимӣ дар раванди омӯзиш фаъолона иштирок намуданд. Омӯзгор бо истифода аз усулҳои муосири таълим барои беҳтар намудани малакаҳои талаффуз, инкишофи нутқи шифоҳӣ ва мустаҳкам намудани донишҳои назариявию амалии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам овард.

Баргузории чунин дарсҳои намунавӣ барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон, мубодилаи таҷрибаи пешқадами таълимӣ, татбиқи усулҳои самараноки таълим ва беҳтар намудани сифати омӯзиши забони русӣ мусоидат менамояд.




Ба рӯйхат