,
Ҷумъа, 13-ноябр
Санаи 11 ноябри соли 2026 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун муассисаи пешбар муҳокимаи кори илмии унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав – Шерализода Гулмурод Шералӣ дар мавзуи “Методикаи омӯзиши функсияҳои тригонометрӣ бо истифода аз технологияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ Ёрзода Акмал дар ҷаласаи кафедраи математика ва методикаи таълими они муассиса мавриди муҳокима қарор дод.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокдорон мазмуну муҳтавои рисоларо мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии мавзуъ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳатҳои мусбати кори илмӣ ва масъалаҳое, ки такмилу баррасии бештарро тақозо менамоянд, мавриди таҳлил қарор гирифта, ба унвонҷӯ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани мазмун ва сифати таҳқиқот тавсияву пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.