,
Ҷумъа, 13-ноябр
Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Алиева Бахтинисо дарси намунавӣ, аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик, дар гурӯҳи таълимии 101-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет баргузор гардид.
Мавзуи дарс “Имлои ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ. Имлои пешоянд ва пасоянд” интихоб гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии донишҷӯён оид ба ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ, қоидаҳои имлои пешоянд ва пасоянд, инчунин истифодаи дурусти онҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ буд.
Алиева Бахтинисо дарсро тибқи талаботи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз намуда, нахуст ҳозиршавии донишҷӯёнро санҷида, донишу малакаи онҳоро тавассути саволу ҷавоб оид ба мавзуъҳои қаблан омӯхташуда муайян намуд. Сипас, омӯзгор дар робита ба мавзуи дарс маълумоти муфассали назариявӣ пешниҳод намуда, оид ба ҳиссаҳои ёридиҳандаи нутқ, хусусиятҳои грамматикӣ ва вазифаи онҳо дар сохтори ҷумла маълумот дод.
Дар қисмати дигари дарс омӯзгор бо мақсади санҷиш ва мустаҳкам намудани дониши донишҷӯён ба онҳо саволҳои гуногуни назариявию амалӣ пешниҳод намуд. Донишҷӯён фаъолона иштирок карда, ба саволҳои гузошташуда ҷавобҳои қаноатбахш доданд ва донишу малакаи худро оид ба мавзуи баррасишаванда нишон доданд.
Дар маҷмуъ, дарси намунавӣ дар сатҳи хуби таълимию методӣ баргузор гардида, омӯзгор тавонист бо истифода аз усулҳои мувофиқи таълим мавзуъро ба донишҷӯён фаҳмо ва муфассал шарҳ диҳад.