, Чоршанбе, 11-ноябр

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДДК ДАР ҶАЛАСАИ МИНТАҚАВИИ PRESETT ДАР ТОШКАНД


ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДДК ДАР ҶАЛАСАИ МИНТАҚАВИИ PRESETT ДАР ТОШКАНД

Рӯзҳои 9-12 ноябри соли 2026 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи минтақавии ҳамоҳангсозони миллии ислоҳоти PRESETT дар доираи лоиҳаи «Суръатбахшии омӯзиши забони англисӣ дар Осиёи Марказӣ» (AELLCA) баргузор гардида истодааст.

Дар ин ҳамоиш Муродзода Баҳриддин Раҳмон, сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсенти кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ, ҳамроҳ бо намояндагони чор донишгоҳи пешбари Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ менамояд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои такмили барномаҳои омодасозии омӯзгорони оянда (PRESETT), ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, рушди касбии омӯзгорон, арзёбии салоҳиятҳо ва татбиқи стандартҳои байналмилалии таҳсилот мавриди баррасӣ қарор дода хоҳад шуд.

Чорабинӣ бо ташаббус ва ҳамкории Шурои Бритониё (British Council), UK International Development, Вазорати таълими томактабӣ ва мактабии Ҷумҳурии Узбекистон, Пажӯҳишгоҳи миллии педагогии ба номи А. Авлонӣ ва Институти Норвич барои таҳсилоти забонӣ (NILE) баргузор гардида истодааст.

Иштироки намояндаи донишгоҳ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои густариши робитаҳои академӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва мусоидат ба навсозии таҳсилоти омӯзгорӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, саҳми ДДК-ро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати омӯзиши забони англисӣ бозгӯ менамояд.




Ба рӯйхат