, Чоршанбе, 11-ноябр

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ УНВОНҶӮ


МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ УНВОНҶӮ

Имрӯз, 10 ноябри соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаҳои илмии Бобоҷонзода Малоҳат Олимҷон-унвонҷӯи кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ,  дар мавзуи  “Рушди салоҳиятҳои нутқии донишҷӯён дар машғулиятҳои забони англисӣ бо истифода аз методикаи лоиҳавӣ” («Развития речевых компетенций студентов на занятиях по английскому языку с применением проектной методики») зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Аҳмадзода Бунафша Саймузаффар барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3.5.9. Назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) баргузор гардид.

Дар муҳокимаи рисола, намояндагони раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, ҳайати профессорон, дотсентон ва омӯзгорони кафедра ширкат варзида, доир ба мазмун ва муҳтавои корҳои илмӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Зимни ҷараёни муҳокима муқарризон ва дигар иштирокчиён дар баромадҳои худ ҷанбаҳои мусбат ва баъзе камбудиҳои рисолаҳои пешниҳодшударо мавриди таҳлил қарор дода, барои такмил ва баланд бардоштани сатҳи илмии онҳо пешниҳодҳо ва тавсияҳои мушаххас ироа намуданд.

Дар натиҷа, бо дарназардошти тавсияҳои пешниҳодгардида, рисолаи илмии унвонҷӯён анҷомёфта арзёбӣ гардида, барои марҳилаи навбатии муҳокима тавсия дода шуданд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.




Ба рӯйхат