,
Чоршанбе, 11-ноябр
9 ноябри соли 2026 дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дунёи сиёсат”-и назди кафедраи сиёсатшиносӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра, дотсент Муродова Гулчеҳра, омӯзгорони кафедра ва аъзои маҳфил иштирок намуда, ду маърӯзаи илмӣ дар мавзуъҳои мубрами сиёсати муосир ва равандҳои ҷаҳонӣ шунида шуданд.
Нахуст, Муродов Аюбҷон, донишҷӯйи курси чоруми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, дар мавзуи “Сиёсат дар асри рақамӣ: зеҳни сунъӣ ва ояндаи идоракунии давлатӣ” маърӯза намуд. Зимни баромад масъалаҳои таъсири технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба низоми идоракунии давлатӣ, имкониятҳои истифодаи онҳо дар баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дурнамои рушди идоракунии рақамӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Маърӯза таҳти роҳбарии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Назарзода Пиралӣ Сафар омода гардида буд.
Сипас, Бегмадзода Наргис, донишҷӯйи курси сеюми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, дар мавзуи “Аз ваҳдати миллӣ то сулҳи ҷаҳонӣ: паёми сулҳи Пешвои миллат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ” баромад намуд. Дар маърӯза нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими суботу оромӣ, аҳамияти таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон ва ҷойгоҳи ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Роҳбарии илмии маърӯза ба зиммаи номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Муродова Гулчеҳра Рузибоевна буд.
Дар идомаи маҳфил миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, бахши саволу ҷавоб баргузор гардид. Иштирокчиён атрофи мавзуъҳои пешниҳодшуда андешаҳои худро баён намуда, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои илмӣ ва асоснок ироа карданд.