,
Чоршанбе, 11-ноябр
Дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи доктории докторанти кафедраи математика ва методикаи таълими он-Давлатализода Сироҷиддин Давлаталӣ, дар мавзуи “Системаи баланд бардоштани салоҳияти касбӣ-методии омӯзгорони ояндаи математикаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълими геометрия”, (мушовири илмӣ профессор Сатторов Абдурасул Эшбекович) барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 5.3.10-Назария ва технологияи таҳсилоти касбӣ (фанҳои табиӣ-риёзӣ). (5.3.10.1-Назария ва технологияи таълими математика) баргузор гардид.
Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ва муқарризони холис ҷанбаҳои муҳими рисолаи илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба такмил ва беҳтар намудани он пешниҳоду тавсияҳои судманд ироа намуданд. Рисолаи илмӣ бо дарназардошти эроду тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои баррасӣ дар марҳилаи минбаъда тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва мушовири илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ба онҳо муваффақиятҳои нав орзу менамояд.