,
Чоршанбе, 11-ноябр
Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар қисмати илмии маҳфил донишҷӯён бо маърӯзаҳои гуногун баромад намуда, паҳлуҳои таърихӣ, назариявӣ ва амалии масъалаҳои ҳуқуқию давлатдориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Намоёни Юсуф, донишҷӯи курси панҷуми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияҳои Тоҷикистон” маърӯза намуда, марҳилаҳои ташаккул ва рушди конститутсионализмро дар кишвар шарҳ дод.
Муҳаммади Шамсиддин, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ, дар мавзуи “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад карда, доир ба мақом, сохтор ва салоҳиятҳои Ҳукумати мамлакат маълумот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, Назриев Беҳрӯз, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Ҳуқуқ дар давлати Сомониён” суханронӣ намуда, хусусиятҳои ташаккул ва рушди низоми ҳуқуқии давлати Сомониёнро мавриди таҳлил қарор дод.
Саломова Ганҷина, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд” маърӯза пешниҳод намуда, доир ба ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандон андешаронӣ кард. Қодирова Ширинмоҳ бошад, дар мавзуи «Таълимот дар бораи Конститутсия» баромад намуда, моҳият ва хусусиятҳои асосии Конститутсияро ҳамчун санади олии ҳуқуқии давлат шарҳ дод.
Дар идомаи маҳфил атрофи маърӯзаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои пешниҳодгардида посух гуфтанд ва андешаҳои худро вобаста ба мавзуъҳои баррасишуда баён намуданд.