,
Ҷумъа, 22-ноябр
Дар таърихи инсоният рӯзҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии худро гум намекунанд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9 май ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Ҳоло мо дар остонаи таҷлили 78 – умин солгарди ғалаба бар фашизм қарор дорем.
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромуш нашудааст" ба ифтихори 78- солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба тарбия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сафарзода Мунир, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Нахуст қисмати тантанавиро ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати 78-солагии Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла миллати тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Ҳарчанд ки майдони набардҳои хунин аз Тоҷикистон ҳазорҳо фарсах дур буд, вале акси садои он дар ҳар деҳкадаи тоҷик ба гӯш мерасид. Ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои кӯҳистон оилае ёфт намешуд, ки падар, бародар, фарзанд ё хешу ақрабояшро ба хотири ҳифзи озодии Ватан аз фашистони истилогар ба майдони ҷанг гусел накарда бошад. Дар он набардҳои тақдирсӯзу тақдирсози инсоният садҳо ҳазор фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла зодагону номоварони минтақа ва шаҳри Кӯлоб низ иштирок карда, барои озодии Ватан ҷоннисориҳо намуданд. Имрӯз аз ҳазорон нафар фидоиён шахсони башумор мондаанд, ки муҳтарам доштану қадршиносӣ намудани онҳо вазифаи муқаддаси фарзандии мост”.
Дар қисмати охир ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.