,
Панҷшанбе, 05-ноябр
4 ноябри соли 2026 дар кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-методии назди кафедра бо иштироки ҳайати омӯзгорон, магистрантон ва докторантони PhD кафедра баргузор гардид.
Дар семинар масъалаи «Особенности перевода повести И. Бунина «Деревня» на таджикский язык» («Хусусиятҳои тарҷумаи повести И. Бунин «Деҳа» ба забони тоҷикӣ») мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вобаста ба мавзуи мазкур номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бобокулов Ҷумахон маърӯза намуда, хусусиятҳои забонӣ, услубӣ ва бадеии асари мазкурро дар заминаи тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ шарҳ дод. Зимни баромад ба масъалаҳои интихоби муодилҳои муносиб, нигоҳ доштани маъно ва тобишҳои услубии матни асл, инчунин мушкилоти интиқоли хусусиятҳои забонию фарҳангӣ аз як забон ба забони дигар таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Иштирокчиён атрофи мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор намуда, доир ба вижагиҳои тарҷумаи осори бадеӣ ва нақши он дар муаррифии адабиёти ҷаҳон ба хонандаи тоҷик андешаҳои худро баён карданд.