,
Панҷшанбе, 05-ноябр
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили илмии “Минбари ҳуқуқшинос”-и кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ бо иштироки мудири кафедра, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни аъзо баргузор гардид.
Маҳфилро роҳбари он Ҳамидзода Фирӯзабону ифтитоҳ намуда, доир ба нақши чунин маҳфилҳо дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди қобилияти таҳқиқотии донишҷӯён ибрози назар кард.
Дар ҷараёни маҳфил иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, масъалаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва таърихии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷумла, Содиқова Арафамо, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Пайдоиш ва рушди танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар Тоҷикистони муосир”, Қувватзода Гулафзо, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Таъмини ҳуқуқии шахс ба амнияти иттилоотӣ” ва Абдураҳимова Нозанин, магистранти курси якуми ихтисоси таърих ва ҳуқуқ, дар мавзуи “Аз таърихи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуда, доир ба марҳилаҳои ташаккул ва рушди конститутсионализм дар кишвар маълумот пешниҳод кард.
Пас аз маърӯзаҳо мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён доир ба мавзуъҳои баррасишуда саволу ҷавоб ва муҳокимаронӣ намуданд.