,
Ҷумъа, 22-ноябр
Санаи 8-уми майи соли равон дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи таърихи халқи тоҷик конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 78-уми солагии Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) баргузор гардид.
Дар ҳамоиш декани факултет, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ҳусайнзода Аминҷон, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд, мудири кафедраи таърих Суфиев Садриддин, сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқӣ Назарзода Бахтиёр, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Қурбонов Кароматулло ва дигар омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок доштанд.
Нахуст декани факултет суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин ҷашн табрику таҳният намуда, қайд карданд: “Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад”.
Сипас профессор Абдуллоев Маҳмуд дар мавзуи “Нақши халқи тоҷик дар таъмини ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, ассистенти кафедраи мазкур Собиров Сайёд дар мавзуи “Заминаҳои сар задани Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, номзади илмҳои таърих Сафаров Холмад дар мавзуи “Муҳорибаи калонтарини Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Муҳорибаи Курск ва иштироки фарзандони тоҷик)” ва муаллими калони кафедра Исупов Шердил дар мавзуи “Ёрии иқтисодии сокиноии вилояти Кӯлоби ҶШС Тоҷикистон ба ҷабҳа дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)”маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Инчунин қайд гардид, ки дар қатори диловарони русу украин, белорусу қазоқ ва дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони фарзонаи тоҷику тоҷикистонӣ низ буданд. Аз РСС Тоҷикистон 280 ҳазор нафар шуҷоатмандон ба майдони ҳарбу зарб ва мубориза алайҳи душмани ғаддор рафтанд. Бисёри онҳо барои шуҷоат, диловарию ҷасурӣ ва ҷангҳои рустамонаи хеш дар назди Ватан бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд. Аз онҳо зиёда аз 53 нафар ба гирифтани унвони олии «Қаҳрамони СССР», 15 нафар бо ордени «Шараф» ва 50 000 нафари дигар бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шудаанд.