, Душанбе, 02-ноябр

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ҚАДАМЕ БА СӮИ САЛОМАТӢ ВА НЕРУМАНДӢ


МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ - ҚАДАМЕ БА СӮИ САЛОМАТӢ ВА НЕРУМАНДӢ

Имрӯз, 31 октябри соли 2026, дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, омӯзгорон ва донишҷӯён машқи пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо ҳадафи таҳкими солимии ҷисмонӣ, боло бурдани рӯҳияи созанда, тарғиби фарҳанги варзишӣ ва ташвиқи ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами ҷисмонӣ роҳандозӣ шуда, бори дигар собит сохт, ки варзиш на танҳо василаи солим нигоҳ доштани бадан, балки мактаби ирода, матонат, интизом ва зиндагии фаъол мебошад.

Иқдоми мазкур дар заминаи татбиқи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида ба фароҳам овардани муҳити солиму созанда дар байни аҳли ҷомеаи донишгоҳ равона шудааст.

Дар рафти машқи пагоҳирӯзӣ иштирокчиён таҳти роҳбарии устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он машқҳои гуногуни умумирушддиҳанда ва варзиширо иҷро намуданд. Ҳамоҳангии ҳаракатҳо, рӯҳияи болида ва иштироки фаъолонаи ҳозирин фазои самимӣ ва пурнишотро ба вуҷуд овард.

Зеро варзиш забони неру, рамзи ирода ва омили муҳими камолоти инсон аст. Ҷавоне, ки ба варзиш рӯ меорад, на танҳо ҷисми солим, балки иродаи қавӣ, рӯҳияи устувор ва масъулияти баланди иҷтимоиро дар худ парвариш медиҳад.

Иштироки роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯён дар ин иқдоми судманд бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба ҳифзи саломатии аҳли ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯён, тарбияи насли солим ва ташаккули муҳити мусоиди таълиму тарбия мебошад.

Машқҳои пагоҳирӯзии дастаҷамъӣ минбаъд низ тибқи нақшаи тасдиқшуда идома ёфта, ҳамчун иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими саломатӣ, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмониву иҷтимоӣ ва тарғиби фарҳанги зиндагии солим миёни ҷавонон хизмат хоҳанд кард.




Ба рӯйхат