, Душанбе, 02-ноябр

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МУОШИРАТ ДАР МУҲИТИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ


КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ. ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ МУОШИРАТ ДАР МУҲИТИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ

30 октябри соли 2026 бо ташаббуси кафедраҳои умумидонишгоҳии педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ташаккули фарҳанги муошират дар муҳити муосири таълимӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ, олимону муҳаққиқон, меҳмонон, устодону кормандони донишгоҳ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Ба ҳайати раёсати конференсия ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Иброҳимов Грез, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ахмедова Мушарафа Сангинбоевна ва номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Юсуфҷонова Дилбар Холиқҷоновна, ки тариқи маҷозӣ иштирок дошт, шомил буданд.

Кори конференсия бо тамошои намоишгоҳи асарҳои илмӣ ва методӣ, дастовардҳои таълимӣ ва маводи марбут ба истифодаи технологияҳои рақамӣ оғоз гардид. Сипас, бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми расмии конференсия ифтитоҳ ёфт.

Дар оғози чорабинӣ навори видеоӣ дар бораи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, мақоми омӯзгор ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия намоиш дода шуд.

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозирин ва меҳмонони конференсияро хайрамақдам гуфт.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати ҷомеаи муосир ва афзоиши талабот ба сифати таҳсилот масъалаи омода намудани мутахассисони соҳибкасб, дорои ҷаҳонбинии васеъ, маърифати баланди ахлоқӣ ва фарҳанги муоширати созанда ба яке аз самтҳои муҳими рушди низоми маориф табдил ёфтааст. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ин раванд на танҳо ба ташаккули дониш ва салоҳиятҳои касбӣ, балки ба тарбияи шахсиятҳои масъулиятшинос, соҳибфарҳанг ва дорои мавқеи фаъоли иҷтимоӣ мусоидат менамоянд.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти ин, рушди ихтисоси педагогика ва ташаккули фарҳанги муошират дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аҳамияти махсуси илмӣ, педагогӣ ва иҷтимоӣ дорад. Омӯзгори оянда дар баробари донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии касбӣ бояд дорои фарҳанги баланди муошират, одоби ҳамидаи инсонӣ ва маҳорати ташкили муносибатҳои созанда бо таълимгирандагон бошад. Маҳз чунин сифатҳо барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди таълиму тарбия заминаи устувор мегузоранд.

Дар идома номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогика Иброҳимов Грез дар мавзуи «Мартаба ва муносибати устоду шогирд аз нигоҳи мутафаккирони тоҷику форс» маърӯза намуда, доир ба мақоми омӯзгор, эҳтироми устоду шогирд ва арзишҳои ахлоқию маърифатӣ бо таваҷҷуҳ ба осори адибон ибрози андеша намуд.

Сипас, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ахмедова Мушарафа Сангинбоевна дар мавзуи «Муоширати байниҳамдигарии омӯзгорону донишҷӯён дар раванди таълим» маърӯза пешниҳод намуда, нақши муносибатҳои солими байни омӯзгор ва донишҷӯро дар ташаккули муҳити мусоиди таълимӣ, баланд бардоштани фаъолнокии донишҷӯён ва таъмини самаранокии раванди таълим мавриди баррасӣ қарор дод.

Ҳамчунин, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Юсуфҷонова Дилбар Холиқҷоновна тариқи маҷозӣ дар мавзуи «Муоширати педагогӣ ҳамчун омили самаранокии раванди таълим» баромад намуда, доир ба хусусиятҳои муоширати касбии омӯзгор, риояи меъёрҳои ахлоқи педагогӣ ва таъсири муносибатҳои созанда ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ибрози андеша кард.

Дар фарҷоми қисми пленарӣ таъкид гардид, ки натиҷа ва тавсияҳои илмию методии конференсия метавонанд барои такмили муносибатҳои педагогӣ, баланд бардоштани фарҳанги муоширати омӯзгорону донишҷӯён ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ заминаи мусоид фароҳам оваранд.

Кори конференсия нимаи дуюми рӯз дар ду бахш идома ёфта, дар доираи он 65 мақолаи илмии олимону муҳаққиқон ва мутахассисон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Конференсияи мазкур барои табодули таҷрибаи илмӣ ва педагогӣ, баррасии масъалаҳои мубрами фарҳанги муошират ва муайян намудани роҳҳои такмили муҳити муосири таълимӣ заминаи мусоид фароҳам овард.




Ба рӯйхат