,
Душанбе, 02-ноябр
30 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шурои олимон ва масъулини сохторҳои таълимию илмии донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳим ва афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳои факултети физика, математика ва информатика, татбиқи сиёсати тарбиявӣ, ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва дигар масъалаҳои мубрами корӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Нахуст, масъалаи «Вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва тартиби баргардонидани маблағҳои буҷетӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.11.2022, №563)» аз ҷониби роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Шарипов Назрулло мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сипас, масъалаи «Вазъи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар факултети физика, математика ва информатика» аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ, дотсент Саидова Нилуфар таҳлил гардида, ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолияти илмӣ ва тақвияти заминаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шуданд.
Дар идома роҳбари гурӯҳи корӣ, дотсент Шарифзода Одинамо оид ба масъалаи «Сиёсати тарбиявии донишгоҳ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва фарҳанги ҳуқуқии донишҷӯён» ҳисобот пешниҳод намуда, ҷанбаҳои муҳими ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи ҳуқуқии донишҷӯёнро мавриди таҳлил қарор дод.
Ҳамзамон, дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои озмунӣ масъалаҳои марбут ба фаъолияти комиссияи озмунӣ, мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ба талаботи муқарраргардида ва дигар паҳлуҳои ин раванд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ бошад, мавзуъ ва масъалаҳои марбут ба самтҳои гуногуни фаъолияти таълимию методӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ташкилии донишгоҳ муҳокима гардида, вобаста ба ҳалли саривақтии онҳо андеша ва пешниҳодҳои судманд ироа шуданд.
Зимни баррасии масъалаҳо ба баланд бардоштани масъулияти роҳбарони сохторҳо, таҳкими назорати иҷрои қарорҳои қабулгардида, беҳтар намудани сифати омодасозии мутахассисон ва рушди самараноки фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки татбиқи пайгиронаи сиёсати тарбиявӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои масъул омили муҳимми баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ташаккули мутахассисони дорои ҷаҳонбинии васеъ ва ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Дар ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои гузошташуда, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва тақвияти фаъолияти сохторҳои масъул аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.