, Ҷумъа, 30-октябр

РУШДИ НИЗОМИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


РУШДИ НИЗОМИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо ташаббуси факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Нахуст, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон зимни сухани ифтитоҳӣ доир ба нақши таҳқиқоти илмии донишҷӯён дар омӯзиши масъалаҳои муҳими иқтисодиёти миллӣ ва зарурати рушди технологияҳои муосири молиявӣ ибрози андеша кард.

Сипас, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа баромад намуда, оид ба аҳамияти рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи воситаҳои рақамии молиявӣ ва густариши фарҳанги пардохтҳои электронӣ дар ҷомеа сухан гуфт.

Дар идома магистранти курси якуми ихтисоси кори бонкӣ Қурбонализода Зокир дар мавзуи «Рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза пешниҳод карда, масъалаҳои рушди пардохтҳои электронӣ, истифодаи технологияҳои муосири бонкӣ ва нақши онҳо дар содагардонии муомилоти молиявиро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар фарҷоми конференсия иштирокдорон доир ба мавзуи баррасишуда мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи молияро муҳокима карданд.

Баргузории чунин конференсияҳо барои тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён, рушди тафаккури иқтисодӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.




Ба рӯйхат