, Шанбе, 24-октябр

ҚАДАМИ НАВ ДАР РАҚАМИКУНОНИИ ТАЪЛИМ: ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ


ҚАДАМИ НАВ ДАР РАҚАМИКУНОНИИ ТАЪЛИМ: ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ДАР СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

23 октябри соли 2026 ҳайати кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ, дар семинари маҷозӣ таҳти унвони «Роҳнамоии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ оид ба истифодаи самаранок ва ахлоқии зеҳни сунъӣ (AI) дар раванди таълим бо дарназардошти стандартҳои ICT-CST» иштирок намуданд. Семинари мазкур бо ташаббуси Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмато баргузор гардида, ба масъалаҳои мубрами рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи технологияҳои муосир дар раванди таълиму тарбия бахшида шуд.

Зимни семинар масъалаҳои баланд бардоштани салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва воситаҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, инчунин муаррифии платформаи такмили ихтисоси омӯзгорон «Omuzgor Pro» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Иштироки муовини ректор оид ба таълим ва ҳайати кормандони донишгоҳ дар семинар қадами муҳим дар самти омӯзиши таҷрибаҳои пешрафта, густариши донишҳои рақамӣ ва такмили сифати таҳсилот ба шумор рафта, барои татбиқи усулҳои инноватсионӣ ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ дар фаъолияти таълимии донишгоҳ заминаи мусоид фароҳам меорад.




Ба рӯйхат