, Шанбе, 24-октябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

Дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет бо иштироки ҷонишини декан оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хориҷӣ, номзади илмҳои филологӣ Давлатова Фароғат, доктори илмщои педагогӣ, Ашурова Нодира, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Амиров Файзуллохуҷа ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст, ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия Давлатова Фароғат баромад намуда, ҳузури иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт ва оид ба аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳо, инчунин мавзуъҳои баррасишаванда ибрози назар намуд.

Сипас, Мафтунаи Сафархон - донишҷӯи курси 4-юми дар мавзуи “Истиқлолият ва масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ” маърӯза намуд. Ҳамчунин, Иқболова Сайёҳат – донишҷӯи курси 5 дар мавзуи «“Шоҳнома” ва худшиносии миллӣ”», Хоҷаев Азизулло донишҷӯи курси 3-юм дар мавзуи “Нақши сарнавиштсози Пешвои миллат дар рушди илми забони тоҷикӣ ва такомули сиёсати давлатии забон” ва Ҳасанзода Меҳрона донишҷӯи курси 5-ум дар мавзуи “Мавзуи Ватан ва ватандӯстӣ дар ашъори Ғоиб Сафарзода” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар анҷом миёни устодон ва донишҷӯён саволу ҷавоб ва муҳокимаи озод доир гардид, ки ба маҳфил фазои илмӣ ва созанда бахшид.




Ба рӯйхат