,
Шанбе, 24-октябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, профессор Сафарзода Мунир Ватан бо донишҷӯёни курси якум баргузор гардид.
Вохӯрӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, ба масъалаҳои муҳими худшиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш, истифодаи самаранок аз имконоти мавҷудаи таълимӣ ва тарбияи насли соҳибмаърифату масъулиятшинос бахшида шуд.
Зимни суҳбат ректори донишгоҳ профессор Сафарзода М. В. донишҷӯёнро ба муносибати оғози марҳилаи нави ҳаёташон табрик намуда, таъкид кард, ки солҳои донишҷӯӣ давраи муҳими ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва муайян намудани мавқеи ҳар як ҷавон дар ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ӯ иброз дошт, ки донишҷӯён бояд аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату ҳукумат дар донишгоҳ самаранок истифода бурда, бо омӯзиши пайвастаи илмҳои замонавӣ, мутолиаи китоб, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир барои расидан ба ҳадафҳои созандаи худ талош намоянд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, эҳтироми омӯзгор, падару модар, риояи интизоми донишҷӯӣ ва масъулиятшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зикр шуд, ки камолоти маънавию зеҳнии ҷавонон дар заминаи донишандӯзӣ, одоби ҳамида, меҳнатдӯстӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ ташаккул меёбад.
Дар идомаи вохӯрӣ бо мақсади қадрдонии саҳми оила дар тарбияи насли ҷавон ба як қатор волидайни донишҷӯёни курси якум барои тарбияи фарзандони дорои интизоми намунавӣ, рафтори шоиста ва иштироки фаъолона дар омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи фарҳангии бахшида ба ин санаи муҳим сипосномаҳо супорида шуданд.
Ин иқдом бозгӯи таваҷҷуҳи донишгоҳ ба ҳамкории судманди муассисаи таълимӣ бо оила ва нақши муассири падару модар дар ташаккули шахсияти ҷавонон мебошад. Зеро тарбияи насли босаводу ватандӯст ва дорои ахлоқи ҳамида масъулияти муштараки оила, муассисаи таълимӣ ва ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳамчунин, дар фазои тантанавӣ ба гурӯҳе аз донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ дафтарчаҳои имтиҳонӣ ва билетҳои донишҷӯӣ супорида шуданд. Ин лаҳза барои донишҷӯёни нав рамзи оғози марҳилаи тозаи зиндагӣ, қадами нахустин ба сӯи камолоти касбӣ ва уҳдадории ҷиддӣ дар роҳи донишандӯзӣ арзёбӣ гардид.
Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид шуд, ки ҳар як донишҷӯ бояд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла шароити таълимӣ ва муҳити илмии донишгоҳ, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили малакаҳои касбӣ ва саҳм гузоштан дар рушди Тоҷикистони азиз кӯшиш намояд.