, Шанбе, 24-октябр

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ


БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ

21 октябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи навбатии Шурои олимон бо роҳбарии ректори донишгоҳ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафарзода Мунир Ватан баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои Шурои олимон ва масъулини сохторҳои таълимию илмии донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба натиҷаҳои фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ, тақсимоти сарбории таълимии омӯзгорон барои соли таҳсили 2026-2027, фаъолияти комиссияи қабули довталабон ва дигар масъалаҳои ҷории донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Нахуст муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ оид ба масъалаи “Ҷамъбасти натиҷаи сессияи имтиҳонии тобистона ва натиҷаи аттестатсияи давлатии хатмкунандагон дар соли таҳсили 2025-2026” баррасӣ намуд. Доир ба масъала натиҷаҳои раванди имтиҳонҳо ва аттестатсияи давлатӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, аҳамияти таъмини шаффофият ва баланд бардоштани сифати донишазхудкунии донишҷӯён таъкид карда шуд.

Сипас, масъалаи тақсимоти сарбории таълимии омӯзгорони кафедраҳои донишгоҳ барои соли таҳсили 2026-2027 аз ҷониби сардори раёсати таълим Саидзода Қурбоналӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар идома ҳисоботи котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ Қурбонов Кароматулло оид ба натиҷаи фаъолияти комиссияи қабул барои соли таҳсили 2026-2027 шунида шуд.

Ҳамзамон, дар доираи баррасии ҳуҷҷатҳои озмунӣ масъалаи пешниҳоди паарвандаи номзадҳо ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти унвони илмии профессор ва дотсент мавриди баррасӣ қарор гирифт. Азрӯи ин масъалаи раиси комиссияи баҳисобгирии овозҳо профессор Маҳмуд Абдуллоев натиҷа ва протоколҳои озмуниро барои пешниҳоди як нафар ҷиҳати дарёфти унвони илмии профессор ва се нафар барои дарёфти унвони илмии дотсент ба самъи аъзоён расонид.

Дар бахши масъалаҳои ҷорӣ мавзуъҳои корҳои илмии унвонҷӯён ва докторантони PhD баррасӣ ва тасдиқ гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба раванди сессияи имтиҳонии тобистона, тақвияти корҳои ободонӣ ва дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ муҳокима шуданд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа қарорҳои дахлдор оид ба масъалаҳои баррасишуда қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои таълимию илмӣ, таъмини сифати таҳсилот, тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва татбиқи самараноки нақшаҳои таълимӣ ба масъулини сохторҳои дахлдори донишгоҳ дастуру супоришҳо дода шуданд.




Ба рӯйхат